Виткон (деҳа, н. Масчо)

Виткон, Ваткон, Виткундеҳа дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Масчо. Аз Виткон то маркази ноҳия 12 км, то маркази вилоят 68 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1932 нафар (2013), тоҷикон.

Деҳа
Виткон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Масчо
Ҷамоат Деҳоти Оббурдон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1932 тан (2013)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3445

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, боғчаи бачагон, китобхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва хидмати маишӣ, чойхона, 1 масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Тоҷикистони Советӣ обёрӣ мешаванд.

Мардум

вироиш

Аҳолиаш соли 1956 бо мақсади обод кардани Дашти Дилварзин ва васеъ намудани заминҳои пахтаи Тоҷикистон аз ноҳияи Кӯҳистони Масчо ба ин минтақа кӯчонда шудаанд. Виткон зодгоҳи олимон Исҳоқбой Нуров ва Сангин Гулов мебошад.

Адабиёт

вироиш