Витр (ар. وتر‎ — танҳо,тоқ, фард), намози витр — дар фиқҳ намозест, ки адади ракаоташ тоқ буда, бо он намози шаб хатм мешавад.

Таърих

вироиш

Вақти адои он, тибқи иршоди Пайғамбар (с),байни намозҳои хуфтан ва бомдод (аз ғуруби шафақ то тулуи фаҷр) аст. Дар сурати то дамидани субҳ нагузоридани Витр қазои он воҷиб мегардад.

Витрро аз воҷибот медоранд,
Бар ҳама воҷиб аст бигузоранд!

Адади ракарти намози витр

вироиш

Тибқи мазҳаби ҳанафӣ витр воҷиб ва се ракъат буда, ба як салом адо мегардад, аммо се мазҳаби дигар бар суннати муаккада будани намози витр иттифоқ карда, ба намозгузор ихтиёр додаанд, ки онро 1, 3, 5, 7, 9, 11 ё 13 ракъат гузорад.[1] Дар бораи панҷ, се ва ҳамчунин як ракъат будани намози витр ривоятҳои саҳеҳе аз паёмбар (с) ворид шудааст. Оиша (р) дар бораи намози расули Худо (с) дар моҳи Рамазон пурсида шуд, гуфт: «Расули Худо (с) на дар моҳи Рамазон ва на дар ғайри он (шабона) аз ёздаҳ ракъат зиёд намехонд. Аввал чаҳор ракъат мехонд, ки аз зебоӣ ва дарозии онҳо напурс. Пас аз он чаҳор ракъати дигар мехонд, ки аз зебоӣ ва дарозии онҳо напурс. Дар охир се ракъат мехонд …»[1]. Тирмизӣ ба ин ривояти Оиша (р) дар боби: Ончи дар бораи витр бо се ракъат омадааст, пас аз ҳадиси 459 ишора кардааст.

Қосим пас аз зикри ҳадиси паёмбар (с) дар бораи як ракъат будани витр мегӯяд: «Аз замоне худро шинохтем, одамонеро дидем, ки намози витрро се ракъат мехонданд. Ва (доираи амал) дар ин кор васеъ мебошад. Умед дорам, ки дар ҳеч кадоми онҳо боке набошад»[2].

Дар ривояти дигар омадааст, ки: «Паёмбар (с) шабона сездаҳ ракъат намоз мехонд, ки панҷ ракъати онро витр мехонд ва дар чизе аз он ба ҷуз дар охир салом намедод...»[3][4]. Дар ривояти дигар омадааст: «Паёмбар (с) се ракъат витр мехонд ва дар он (дар маҷмӯъ) нуҳ сура, яъне дар ҳар ракъати он се сураӣ мехонд, ки охирин сураи он Қул ҳуваллоҳу аҳад буд»[5]. Ҳамчунин ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) дар се ракъати намози витр сураҳои «Саббиҳисма раббика-л-аъло», «Қул ё айюҳа-л-кофирун» ва «Қул ҳува-л-лоҳу аҳад»-ро мехонд»[6][7][8]. Усмон ибни Абӯшайба дар ҳадисе аз Ибни Аббос (р) витри паёмбар (с)-ро се ракъат ривоят кардааст[9]. Имом Муслим низ дар бахше аз ҳадиси Ибни Аббос (р) овардааст: «Расули Худо (с) пас аз он бо се ракъат витр хонд»[10].

Тафовути намози витр аз намози шом

вироиш

Намози витр дар зоҳир чун намози шом аст (аввалиро витри шаб ва дувумиро витри рӯз низ гуфтаанд), бо ин тафовут, ки дар ракъати севуми он баъди сураи Фотиҳа замми сура ё чанд оят қироат карда, қунут хонда мешавад. Аз рӯйи мазҳаби Имоми Аъзам, чун намозгузор дар ракъати севуми витр аз қироат фориғ шуд, пеш аз рукуъ қунут мехонад, аммо назди имом Шофеӣ қунут дар намози бомдод ҳамеша ва дар витр дар нимаи охири моҳи рамазон баъд аз рукӯъ хонда мешавад.

Тарзи хондани ракъати охири намози витр

вироиш

Пеш аз дуои қунут ду дасти худро ба ҷониби гӯш бардоштани намогузор лозим ва такбир гуфтани ӯ воҷиб аст. Ба таври хуфя хондани қунут суннат аст – хоҳ имом бошад, хоҳ танҳогузор. Агар намозгузор дуои қунутро надонад, ба ҷойи он «Раббано, отино фи-д-дунё ҳасанатан ва фи-л-охирати ҳасанатан ва қино азоба-н-нор», ё се бор«Аллоҳумма-ғфир лано», ё се бор «Ё Раббӣ!» бигӯяд, равост.

Дар «Қунут» метавонад дуъои зеринро бихонад:

«Аллоҳумма, инно настаъйинука ва настағфирука ва нӯъмину бика ва натаваккалу ъалайка ва нусни ъалайка-л-хайра, нашкурука ва ло накфурука ва нахлаъу ва натруку ман яфҷурук.

Аллоҳумма, ийёка наъбуду ва лака нусалӣ ва насҷуду ва илайка насъо ва наҳфиду ва нарҷу раҳматака ва нахшо азобака. Инна азобака би-л-куффори мулҳиқ»[11][12].

«Худоё, мо аз Ту мадад металабем ва мағфират мехоҳем ва ба Ту имон меоварем ва бар Ту таваккал менамоем ва барои Ту санои хайр мегӯем ва шукр мегӯем ва Туро носипосӣ намекунем ва раҳо месозем касеро, ки аз фармонҳоят саркашӣ намояд.

Худоё, танҳо Туро мепарастем ва холисона бароят намоз мегузорем ва Туро саҷда мекунем ва ба сӯи Ту саъй ва ба сӯи тоъатат шитоб менамоем ва аз раҳматат умедворем ва аз азобат бим дорем. Ногузир, азоби Ту бар кофирон хоҳад расид»

Тарзи хондани Паёмбар (с)

вироиш

Тибқи ривоят, Паёмбар (с) дар ракъати аввали витр баъди Фотиҳа сураи Аъло, дар ракъати дувум сураи Кофирун ва дар ракъати севум сураҳои Ихлос ва Муаввизатайнро мехонд.

Хондани намози витр дар моҳи Рамазон

вироиш

Қироат дар витр ба таври хуфя ва оҳистааст, магар ин ки дар моҳи Рамазон витр ба ҷамоат адо шавад, он гоҳ имом ҷаҳрӣ қироат мекунад. Витр танҳо баъди намози таровиҳ, табъан ба он, ба ҷамоат гузорида мешавад. Азбаски витр дар вақти намози хуфтан адо мешавад, барои он азону иқомати хуфтан кофӣ буда, азону иқомати ҷудогона гуфтан зарурат надорад. Бар касе, ки охири шаб бедор шуда наметавонад, таъҷили витр ва бар касе, ки охири шаб бедор мешавад, таъхири аитр мустаҳаб аст. Дар сурати қудрат бар қиём нишаста гузоридани витр ва ба ғайри узр савор гузоридани он ҷоиз нест.

  1. 1.0 1.1 Саҳеҳи Бухорӣ, 1147, 2013, 3569
  2. Саҳеҳи Бухорӣ, 993; Сунани Насоӣ, 1691
  3. Саҳеҳи Муслим, 1717
  4. Сунани Тирмизӣ, 459
  5. Сунани Тирмизӣ, 460
  6. Сунани Абӯдовуд, 1423, 1424
  7. Сунани Тирмизӣ, 462, 463
  8. Сунани Ибни Моҷа, 1172, 1173
  9. Сунани Абӯдовуд, 1354
  10. Саҳеҳи Муслим, 1796 (763)-191
  11. Сунани Куброи Байҳақӣ, 3226. - Ҷ. 3. – С. 53.
  12. Мусаннафи Ибни Абӯшшайба, 5. - Ҷ. 2. – С. 200.

Адабиёт

вироиш
  • Али-заде. Исламский энциклопедический словарь. - М., 2007
  • Мавлавӣ Одинамуҳаммади Қаротегинӣ. Вазеҳу-л-баён (шарҳи «Мазҳари кулл»-и Мавлоно Ҷомии Сонӣ). - Душанбе,2013
  • الموسوعة الفقهية. الجزء الثاني و الاربعون. الكويت، 2004
  • مختصر الوقاية مع شرحه اختصار الرواية. الجزء الاول. بيروت، 2005
  • الججزيرى عبد الرحمن. الفقه على المذاهب الاربعة. سيدا– بيروت،2007؛ السيد السابق. فقه السنة. سيدا– بيروت،2007
  • هنري عبدالله. احسن الهداية فارسي شرح هداية. حصۀ 1،پشاور، بدون سال نشر
  • Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ. - Душанбе,2017