Шишарангӣ[1] (شیشه‌رنگی), витра́ж (фр. vitrage — шишабандӣ, аз лот. vitrum — шиша) — ба маънӣ куллӣ: сатҳи шишбандии деворҳо, панҷараҳо ё даромадгоҳҳо; созаҳои шишабандишуда; аз ҷумла истифода аз шиша бо наққошӣ ё нақшунигори ранга. Дар таърихи ҳунар — ном куллии наққошиҳои шишаӣ аст, ки аз тариқи нур дарк мешавад ва бо санъатҳои мухталиф сохта мешавад.

Витраж рӯш­ноигузар буда, одатан, дар дохили терезаву дар, дево­ра­ҳои дохилӣ, пардаҳои чорчӯбдор ва намоя насб карда мешавад. Оинабандии рӯйи иморат ё қисми бештари онро низ витраж меноманд. Витражҳои рангин бо ҷилои гуно-гун хеле назаррабоянд. Аз рӯйи шикастапораҳои шишаи ҳамвори ранга, ки аз банӣ Ҳасан (Миср) ва Рум ёфт шудаанд, ҳукм кардан мумкин аст, ки витражҳои содатарин дар Мисри Қадим аз ҳазораи дуюми то м. Ва дар Руми Қадим аз асри як то м. Вуҷуд доштаанд. То асри 16 бо витраж дохили кали­соҳо оро дода мешуданд. Витражҳои гаҷӣ ва селенитӣ дар базаликаҳои ибтидои масеҳияти асрҳои 5-6 машҳуранд. Дар ибодатгоҳҳои романӣ (Фаронса, Олмон) витражҳо аз шишаҳои сурх ва кабуд пайдо шуданд. Ҳунармандон порчаҳои шишаи рангаро пешакӣ муво­фиқи андозаи расми тасвиршаванда бурида, онҳоро бо тасмачаҳои сурбӣ ё пӯлодӣ васл мекарданд. Дар ибодат­гоҳҳои романӣ ком­по­зит­сияҳои сужетнок воме­хӯранд. Дар калисоҳои ҷомеи готикӣ санъати витраж ҳама­тарафа рушд ёфт. Витражҳои бисёррангаи шаффофи аз шиша­по­раҳои сершумори беранг тар­кибёфта ва бо навиштаҷоти рӯйи шиша дар мавзӯъҳои динӣ ва маишӣ тирезаҳои бузурги ибодатхонаҳои готикиро зебу оро медоданд. Дар аҳди Эҳё витражи наққошӣ дар рӯйи шиша маъмул гардид, ки намунаи онҳо асарҳои рас­сомони машҳур Донателло, А. Дюрер мебошанд. Дар асри 16 витражҳои ороишии дохили иморат бо сужетҳои дун­явӣ пайдо шуданд. Дар аҳди модерн дар витражи дохили бино бештар нақшҳои наботӣ мавриди истифода қарор ги-рифтанд. Дар витражи муосир усулҳои ғании техника (ши­шаҳои ранга, беранг, рехташуда, ғафс, реза, фишурда, оинаҳои рангаву беранг ва ғ.) ва наққошиҳои гуногуни сужетдору ороиширо якҷоя истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон низ намунаҳои гуногуни витраж бисёранд. Шакли одии витраж — рассомӣ дар рӯйи шиша аст, ки дар амали устоҳои халқӣ дида мешавад. Ҷевонҳои оинаашон нақ­шин дар бисёр ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъруфанд, ки маҳ­су­ли ф-каҳои мебелсозӣ мебошанд. Беҳтарин намунаи витражро дар меҳмонхонаи «Авесто»-и ш. Душанбе низ дидан мумкин аст.

Эзоҳ вироиш

  1. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Шишарангӣ чист? Маънии шишарангӣ(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 8 ноябри 2022 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Яглова Н. Т. Витраж /Русское декоративное искусство. Т. 3. М., 1965;
  • Лясковская О. А. Французская готика XII—XIV ве-ков: Архитектура. Скульптура. Витраж. М., 1973;
  • Рагин витраж, Хиггинс М. Искусство витража. От истоков к современности. М., 2006;
  • Аль Назман Л., Глазков А. Витраж в архитектуре. М., 2006.