Вичкут
Вичкут — деҳа дар ҷамоати деҳоти Птупи ноҳияи Ишкошим. Аз Вичкут то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 75 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 338 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | ВМКБ |
Ноҳия | Ишкошим |
Ҷамоат | Деҳоти Птуп |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 338 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3553 |
Иқтисод
вироишВичкут мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, беморхонаи минтақавӣ, китобхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Дар ҳудуди деҳа ёдгории таърихии Қалъаи Қаҳқаҳа ва чашмаи Фотимаи Заҳро воқеанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз оби чашма обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вичкут // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2