Владимир Висотский

Висотский Владимир Семёнович (25 январи 1938, Маскав25 июли 1980, Маскав) — шоир, ҳунарпеша, овозхон-таронапардози шӯравӣ.

Владимир Висотский
русӣ: Владимир Семёнович Высоцкий
Таърихи таваллуд: 25 январ 1938(1938-01-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 25 июл 1980(1980-07-25)[1][3][4][…] (42 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 1959—1980
Жанр: bard song[d][6][7][8], шансон[d][9], Russian chanson[d][10] ва наср
Забони осор: русӣ[11][12]
Ҷоизаҳо:
Ҷоизаи давлатии СССР Prize of the Ministry of Internal Affairs of Russia
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи мактаб-студияи ба номи Висотский Немирович-Данченкои Маскав (1960). Аз соли 1964 яке аз ҳунарпешагони мумтози театри Таганкаи Маскав (дар намоишномаҳои «Ҳамлет»-и Шекспир, «Сулҳситезон»-и А.Вознесенский, «Емелян Пугачёв»-и С. Есенин ва ғайра) беш аз 20 нақш офаридааст). Аз оғози зуҳур намудани таронаҳои ҷодавӣ дар сабки романси шаҳрии русӣ (дар аввали солҳои 60 садаи XX) Висотский дар эҷод ва сурудани ин жанр истеъдоду устодии фавқулода нишон медиҳад. Ӯ ба туфайли сурудҳои навиштааш барои филми ҳунарии «Вертикал» (1960) миёни мардум маъруф шуд. Осораш муддатҳо даҳон ба даҳон мегашт, аммо айёми зиндагиаш мунташир нашуд. Висотский муаллифи тақр. 1000 тарона аст, ки дар танини онҳо рӯҳи маҳзуни ташна ба адолату ҳақиқат хурӯш мекунад.

Нақшҳо дар филмҳо

вироиш

Висотский дар 30 филми бадеӣ, аз ҷумла филмҳои телевизионӣ («Дидорҳои кӯтоҳ», 1967; «Инсони хуби нохуб», 1973; «Фоҷеаҳои кӯчак», 1979 ва ғайра) нақш офаридааст. Пас аз марг ба ӯ барои нақши Жеглов дар филми телевизионии «Ҷойи мулоқотро набояд тағйир дод» (1979) Мукофоти давлатии ИҶШС (1987) дода шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Собр. соч. в 5 т., Тула, 1993–95
  • Сочинения в 2 т., М., 2004.
  • Высоцкий на Таганке. М., 1988
  • Кулагин А. Поэзия В. С. Высоцкого. 2 изд. М., 1997
  • Солдатенков П. В. Высоцкий. М.; Смоленск, 1999
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007

Сарчашма

вироиш