Владимир Гордлевский
Влади́мир Алекса́ндрович Гордле́вский (25 сентябр [7 октябр] 1876, Свеаборг[d], Дукнишини бузурги Финландия[d] — 10 сентябр 1956[1], Маскав[1]) — шарқшинос, муаррих ва туркшиноси рус, академики (1946), Ходими хидматнишондодаи илми Туркманистон (1954).
русӣ: Владимир Александрович Гордлевский | |
Таърихи таваллуд | 25 сентябр (7 октябр) 1876 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 10 сентябр 1956[1] (79 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ ва туркшиносӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология[d] (1934) |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти забонҳои Шарқ (1899, аз соли 1918 Институти шарқшиносии Маскав) ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Маскав (1904). Аз соли 1918 дар Институти шарқшиносии Маскав (аз соли 1948 профессор) бахши забон ва адабиёти туркро дарс медод. Солҳои 1946-56 мудири шуъбаи Институти шарқшиносии АИ ИҶШС буд. Беш аз 300 мақолаву асар навиштааст, ки асосан ба забон, адабиёт, фолклор, мардумшиносӣ ва таърихи Туркия бахшида шудаанд. Яке аз муаллифони «Грамматикаи забони туркӣ» (1928). Дар солҳои охири фаъолияташ ба таҳқиқу омӯзиши таърихи асрҳои миёнаи Туркия дар аҳди Усмониён машғул шудааст. Муаллифи «Давлати Салҷуқиёни Осиёи Хурд» (1960), «Анатолия» (1962), «Тӯйи Усмониён» (1968).
Ҷоизаҳо
вироишБо ду ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Гордлевский Владимир Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
вироиш- Гордлевский Владимир Александрович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.