Владимир Капранов
Капранов Владимир Александрович (2 декабри 1927, шаҳри Прикумск, кишвари Ставропол) — луғатшинос, доктори илмҳои филологӣ (1974), яке аз муаллифони фаъоли СИЭСТ.
Капранов Владимир Александрович | |
Таърихи таваллуд | 2 декабр 1927 (97 сол) |
Зодгоҳ | шаҳри Прикумск, кишвари Ставропол |
Фазои илмӣ | филология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Алма-матер | Университети давлатии Ленинград (1953) |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи шарқшиносии Университети давлатии Ленинград (1953). Ходими илмӣ (1953–62), мудири шуъбаи лексикография (1962–86), сарходими илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон (1987–90). Муаллифи беш аз 50 китобу мақолаи илмӣ оид ба таърихи лексикология, забони осори классикони адабиёти форс-тоҷик – Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, ҳамчунин яке аз муаллифони китоби дарсии «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (барои мактабҳои олӣ) ва яке аз мураттибону муҳаррирони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад. Зиёда аз 100 мақолаи марбут ба забон дар 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик» ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Осор
вироиш- «Луғати фурс» Асадии Туси и его место в истории таджикской лексикографии. Д., 1964;
- Фарсиязычная (таджикско-персидская) лексикография в Индии XVI–XIX вв. Д., 1973;
- Лексическая контаминация в таджикском языке. Д., 1979.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.