Вокализ
Вокализ (фаронс. vocalise, аз итол. vоcalis – овози садонок), замзама — машқ ё этюде барои овоз, ки бе матн, фақат ба тавассути овозҳои садонок иҷро мешавад ва барои инкишофи ифоданокию барҷастагии овоз ва маҳорати баланди сароянда пешбинӣ шудааст.
Маъноҳои дигар:
1) бо овози садонокҳо бе матн иҷро намудани машқ барои инкишофи техникаи вокалии овозхонон.
2) Асари консертӣ бисёртар барои сопрано бо ҷӯршавии соз, ки матн ва овози хушилатиф, баъзан виртуозӣ надошт (В. дар шакли хабанераи Равел) ва ғ. Дар асри ХХ Вокализ ба жанри созӣ наздик мешавад (5 мелодия барои овоз ё скрипка бо фортепианои Прокофев; Вокализ – этюди Шимановский), аз он ҷумла, калонҳаҷм ( сюита – Вокализ барои овоз бо фортепианои Метнер; консерт барои овоз бо оркестри Глиэр) ва ғ. [1]
3) Асари мусиқие, ки ба ҳамин мақсад офарида шудааст низ Вокализ ном дорад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.88. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
Адабиёт
вироиш- Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. Д., 2003.
Сарчашма
вироиш- Вокализ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.