Алиқулихони Баҳодур Волаи Доғистонӣ (форсӣ: والۀ داغستانی‎, мутахаллис ба «Вола», маъруф ба Шашангуштӣ; 1712, Исфаҳон — 1757, Деҳлӣ) — шоир ва тазкиранигори форсизабони Ҳиндустон.

Волаи Доғистонӣ
Таърихи таваллуд: 1712
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1756
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Шаҷараи авлодияш ба Аббос — амаки пайғамбари ислом Муҳаммад (с) мерасидааст. Сабаби «Доғистонӣ» нисба гирифтанаш дар он аст, ки яке аз ашхоси авлоди ӯ дар замони ҳуҷуми муғулҳо ба Доғистон ҳиҷрат кард ва дар ҳамон ҷо муқимӣ шуд. Эрон бо Қафқоз, аз ҷумла Доғистон, робитаҳо дошт. Аз гузаштагони ба Доғистон кӯчидаи Волаи Доғистонӣ падараш — Муҳаммадалихон ба Исфаҳони Эрон меояд ва бо зани эронӣ издивоҷ мекунад. Аз ин издивоҷ Волаи Доғистонӣ ба дунё омад. Волаи Доғистонӣ дар хурдӣ аз падар маҳрум шуд. Дар синни 5-солагӣ ба мактаб рафт. Бо духтари амакаш Хадиҷасултон якҷо мехонд. Бо ҳам унс гирифтанд ва сипас номзад шуданд. Вале ин ду ҷавон ба висол расида натавонистанд, чунки саркардаи сипоҳи афғон — Каримдодхон, ки он замон Исфаҳонро забт карда буд, ба Хадиҷа талабгор шуд ва ба зӯр ӯро ба никоҳи худ даровард. Қиссаи ишқи Волаи Доғистонӣ ва Хадиҷасултонро шоир, дӯсту ҳамнишин, надими Волаи Доғистонӣ Фақири Деҳлавӣ бо номи «Вола ва Султон» ба назм даровардааст.

Волаи Доғистонӣ фироқу ҳиҷрони Хадиҷаро таҳаммул накарда, роҳи Ҳиндустонро пеш гирифт. Дар ин ҷо ӯ дар дарбори Темуриёни Ҳинд — Муҳаммадшоҳ (ҳукмронӣ 1719-48) ва Аҳмадшоҳ (ҳукмронӣ 1748-54) хидмат карда, ба мансабҳои «чаҳорҳазорӣ», «шашҳазорӣ», унвони «хон», «Баҳодур Зафарҷанг» расид. Дар Ҳинд Волаи Доғистонӣ ҳамнишину ҳамсуҳбати шоирон, адибон, орифон, аз ҷумла Офарини Лоҳурӣ, Абдулҳакими Ҳоким, Озоди Балгиромӣ, Шайх Ҳазини Лоҳиҷӣ ва дигарон буд.

Аз Волаи Доғистонӣ девони ашъор шомили 6 ҳазор байт қасоиду ғазалиёт, рубоиёту қитъаҳо (як нусхаи дастнависаш маҳфуз дар Осорхонаи миллии Покистон ‒ Карочӣ, шумораи N M 1962—144/4) ва тазкираи бузургҳаҷми умумии «Риёзу-ш-шуаро» боқӣ мондааст. Мураттиби девонаш Фақири Деҳлавӣ буд. Волаи Доғистонӣ шоире будааст салисгуфтор ва балоғатшиор. То нафаси охирин шеър мегуфт. Рубоии зерин аз охирин сурудаҳои ӯст:

Гар ҷон равадам зи тан, нахоҳам мурдан,
Дар хок шавад бадан, нахоҳам мурдан.


Гӯянд, – Алиқулӣ бимурд, – ин ғалат аст,
Авҳоми ту мурд, ман нахоҳам мурдан.

Абёти зерин низ намуна аз шеъри Волаи Доғистонӣ мебошанд:

Вола, зи фироқи рӯи ҷонон мурдам,
Дар Ҳинд ғарибу зору ҳайрон мурдам.
Нагзошт асар зи ҳастиям меҳри рухаш,
Мурдам зи ғами Хадиҷасултон, мурдам.

  • تذکرۀ رياض الشعرا. تهران،1374 هـ. ش.

Адабиёт

вироиш
  • مير غلآم علی خان آزاد بلگرامی. خزانۀ عا مره. کا نپو ر، 1900؛
  • دا نشنا مۀ اد ب فا رسی. اد ب فا رسی در شبه قا ره (هند، پا کستا ن، بنگلد ش). جلد چها رم، بخش سوم، تهرا ن، 1380 هـ. ش.؛
  • ذبيح الله صفا. تأريخ اد بيات در ايران. جلد 5. بخش 3. تهران، 1387 هـ. ش.ر.

Сарчашма

вироиш