Фақируллоҳ Офарини Лоҳурӣ (форсӣ: فقیراللہ آفرین لاہوری‎; 1661, Лоҳур1741, Лоҳур) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Офарини Лоҳурӣ
Таърихи таваллуд: 1661
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1741
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар зодгоҳаш — Лоҳур таҳсили илму адаб намуда, дар сурудани ашъори дилнишин шӯҳрат пайдо кард. Офарини Лоҳурӣ аз мадду санои ҳукмронони давр дурӣ ҷустааст.

Аз ӯ куллиёте боқӣ мондааст, ки ғазал, қасида, рубоӣ ва дигар навъҳои шеърии ӯро дарбар мегирад. Инчунин достонҳои «Абҷади фикр», «Маърифат», «Ҳир ва Ронҷҳо» аз таълифоти ваянд. Асарҳои Офарини Лоҳурӣ дар мавзӯъ ва мазмунҳои ишқӣ, ирфонӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, пандуахлоқӣ эҷод шудаанд. Чан­де аз муосирон ва шоирони баъдина ба Офарини Лоҳурӣ дар шеъру шоирӣ пайравӣ кардаанд.

Адабиёт

вироиш