Волаҳии Ҳиравӣ
Волаҳии Ҳиравӣ (форсӣ: والهئ هروی) — шоири тоҷик (асри 15).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тибқи маълумоти тазкираҳои «Риёзу-ш-шуаро»-и Волаи Доғистонӣ ва «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ, аз шоирони давраи Султон Ҳусайни Бойқаро будааст. Намунаҳое аз ашъори Волаҳии Ҳиравӣ:
Беқимат аст пеши лаби лаъли ёр лаъл,
Бодо фидои лаъли лабаш сад ҳазор лаъл!
Он чашмаи ҳаёт, ки ёбанд ҷон аз ӯ,
Ҷуз оби ҳасратам набувад дар даҳон аз ӯ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- افغا نستان. آریانا دائرةالمعارف. کابل، 1955
Сарчашма
вироиш- Волаҳии Ҳиравӣ / С. Ализода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.