Волластон, Вилям Хайд
Вилям Хайд Волластон (англ. William Hyde Wollaston; 6 августи 1766 — 22 декабри 1828) — физикдон ва кимиёдони англис.
Таърихи таваллуд | 6 август 1766[1][2][3][…] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 22 декабр 1828[1][2][3][…] (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | шимидон, физикдон, муҳандис, metallurgist, ахтаршинос |
Падар | Francis Wollaston[d][4] |
Модар | Althea Hyde[d][4] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Университети Кембриҷ (1798). Котиби Ҷамъияти шоҳии Лондон (1804 — 20). Новобаста аз М. Риттер соли 1801 афканишоти ултрабунафшро кашф кард, рефрактометр (1802) ва гониометри инъикоскунандаро сохт (1809). Маншур (призма)-и қутбноккунандае, ки шуои рӯшноиро ду баробар инкисор мекунад (мешиканад), ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст. В. унсурҳои палладий (1803) ва радийро (1804) кашф карда, усули нодири тоза кардани платина, усули ба даст овардани лавҳачаҳои тунуктарин ва ноқилҳои нозуки филиззӣ (тори платинагии 0,01 мм барои визири телескоп)-ро таҳия (1813) ва ҷадвали вазнҳои эквивалентии унсурҳоро барои оксиген, ки дар он давра саҳеҳтарин буд, пешниҳод намуда, унсури галваниро ихтироъ кард, ки то ҳол номи ӯро дорад. В. дар омӯзиши минералҳо низ комёб шуда, дар ин замина шпати тахтасангӣ аз синфи силикатҳо ба ифтихори ӯ (волластонит) номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Usselman M. C. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 RKDartists (нидерл.)
- ↑ 4.0 4.1 Kindred Britain
Адабиёт
вироиш- Волластон, Вильям Хайд. Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона, СПб., 1890—1907.
Сарчашма
вироиш- Волластон Вилям Хайд // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.