Волод — дар санъати меъморӣ қолаби равоқ, тоқ ва гунбад, ки аз тахта ва гил месозанд.

Дар асоси волод бо хишту гаҷ равоқ ва тоқ бунёд мегардад. Болопӯши деворро равоқ, ду деворро тоқ ва болопӯши қуббашаклро гунбад меноманд. Волод ба шакли нимдоира (нимпаргорӣ), қисми доира (муқаввас), пайконшакл ва ғ. сохта мешавад. Фазои байни равоқ (тоқ)-ро кодок меноманд. Волод дар кодок бо ду поя ва чӯбҳои мехкӯбшуда устувор карда мешавад. Миқдори хиштҳо дар қаторҳо бояд тоқ ва хиштҳо фонашакл бошанд ва ба якдигар зич чида шаванд, зеро маҳлули ғафси байни хиштҳо метавонад равоқро фурӯ равонад ё хароб намояд. Хишти миёна (тоқ) қуфлӣ ё қуфл номида мешавад. Дарозии байни хиштҳои равоқ бояд ба як нуқта (марказ) равона бошанд, ки хатти каҷи равоқу тоқ аз он кашида мешавад.

Тоқро аз волод-ҳои мутавозӣ ҷойгиршуда ё мутаҳаррик, гунбадро аз 4, 8, 12, 16 нимравоқи дар мобайн (марказ) пайвастшуда месозанд. Дар Осиёи Марказӣ қариб ҳамаи ёдгориҳои меъмории тоқдор бо волод сохта шудаанд. Ҳоло дар устохонаҳои таҷдид ва тармимотӣ волод-ро барои таъмири биноҳои қадимӣ ва сохтани маҷмааҳои нави меъморӣ, ки унсурҳои санъати меъморию лоиҳавии пештараро доранд, васеъ истифода мебаранд. Дар масолеҳи оҳанубетонӣ сақфҳои гунбадшаклу тоқҳои пайконии анъанавӣ ва яклухт таҳия мегарданд;

Сарчашма

вироиш