Гунбад
Гунбад, гумбаз, гунбаз (форсӣ: گُنبد) — қисми болоии нимкурашакли иморат.
Гунбад унсури маъмули санъати меъмории Осиёи Марказӣ мебошад. Гунбадсозӣ дар меъмории тоҷикон таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Гунбадро аввал аз санг ва баъдтар аз хишти пухта месохтанд. Сипас болои онро тавассути кошикорӣ ва гачкорӣ нақшунигор мекарданд. Аз нимаи дуввуми асри 19 ба ҷои хишту санг масолеҳи оҳану бетон ва филиззот маъмул гардид.
Дар ҳунари меъмории Осиёи Марказӣ гунбадҳоро ба якчанд навъ ҷудо мекунанд, ки маъмултаринашон гунбади чархӣ ва гунбади балхӣ мебошанд. Гунбади чархӣ доирашаклу чархмонанд буда, баландиаш тақр. бо қутраш баробар аст. Гунбадҳои чархиро дар болои боми биноҳои бузурги ҷамъиятӣ (масҷидҳо, мадрасаҳо, мақбараҳо ва ғ.) месохтанд. Ин гуна гунбадҳо дар ш.-ҳои Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан ва Ҳисор зиёд ҳастанд. Гунбадҳои чархии мазори Хоҷа Аҳмади Ясавӣ (қутраш 18 м), масҷиди Бибихоним (қутраш 14,5 м) ва Гӯри Мир (қутраш 15 м) дар Осиёи Марказӣ бузургтаринанд. Гунбади балхиро, маъмулан, дар болои биноҳои хурд: ҳуҷраҳои мадраса, ҳаммом, сардоба ва ғ. месохтаанд.
Гунбадҳои Хонақоҳи Файзободи Бухоро, мақбараи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ва Ишратхонаи Самарқанд беҳтарин намунаҳои гунбади балхӣ мебошанд. Ин навъ гунбадҳоро дар мадрасаи Қалъаи Ҳисор ва тамоми мадрасаҳои шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар гузашта сохтаанд, метавон дид. Дар қабристонҳои Тоҷикистон қабрҳое буданд ва ҳастанд, ки дар болояшон гунбад сохтаанд. Дар гузашта гунбадро дар дахма, мазор ва гӯрхона низ месохтанд.
Гунбадҳо нақшунигори зиёд доранд, ки яке аз дигаре фарқ мекунад. Дар гунбадҳо аз наққошию кандакориҳои гулпартоӣ, тасвири рустаниҳо, хатҳои мунаққаш, навиштаҷот истифода шудааст. Ин анъана имрӯз ҳам дар меъмории Тоҷикистон идома дорад. Тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон чойхонаҳо ва иморатҳои гуногун ба вуҷуд омаданд, ки гунбадҳои пурнақшунигор доранд. Имрӯзҳо дар сохтмони чойхонаҳои ш.-ҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Исфара, Истаравшан, Данғара, Панҷакент, Хоруғ ҳамчун ҳунари меъмории суннатӣ аз гунбад истифода мебаранд. Ҳамчунин баъзе ашхос болои хонаи худро дар шакли гунбад мепӯшонанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гунбаз / Р. Муқимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.