Волоияти қонун
Волоияти қонун — асли бунёдӣ ва куллии қонуният, ки дар эътирофи қувваи олии ҳуқуқии қонун нисбат ба ҳамаи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода меёбад.
Тамоми санадҳои меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ бояд мутобиқи қонун содир гардида, ба қонун мухолифат надошта бошанд. Дар баробари ин маротиби қатъии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст: қонунҳо бояд ба Конститутсия (Сарқонун)-и мамлакат мутобиқат намоянд, санадҳои меъёрии зерқонунӣ ба қонунҳо тобеъ бошанд ва дар мутобиқати том бо онҳо истифода шаванд; санадҳои истифодаи ҳуқуқ бояд ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мутобиқат намоянд.
Волоияти қонун дар низоми ҳуқуқӣ аз имтиёз ва ҳуқуқи истисноии қабули қонунҳо танҳо аз ҷониби мақомоти олии намояндагии давлат ё бевосита аз ҷониби сарчашмаи ҳокимият — халқ бармеояд. Волоияти қонун дар афзалияти санади меъёрие, ки мақомоти олии қонунгузории кишвар қабул мекунад, нисбат ба дигар санадҳои зерқонунӣ ифода меёбад. Зимнан волоияти қонун ҳамчун асли қонуният баррасӣ мешавад, ки таҳти он мутобиқати санадҳои меъёрии зерқонунӣ ва санадҳои истифодаи ҳуқуқ ба муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо фаҳмида мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳеч санади зерқонунӣ наметавонад ба қонун мухолиф бошад ва санади истифодаи ҳуқуқ бояд дар мутобиқати том бо меъёрҳои қонун қабул карда шавад.
Дар давлати ҳуқуқбунёд бояд волоияти қонун таъмин карда шавад, яъне тамоми муносибатҳои муҳимми ҷамъият бояд бо қонун ба танзим дароварда шаванд, на бо дигар санади ҳуқуқӣ. Қонун дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, бояд фаъолияти мақомоти давлатӣ ба он мутобиқ бошад, ҳеч як санади ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда қабул карда мешаванд, набояд ба қонун мухолиф бошад. Қонуният маънои онро дорад, ки он бояд аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият бечунучаро риоя ва иҷро карда шавад. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои мамлакатро риоя ва иҷро намоянд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2013;
- Малиновский А. А. Пути обеспечения верховенства закона // Советская юстиция. М., 1991, № 17.
Сарчашма
вироиш- Волоияти қонун / С. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.