Волфрам
Волфра́м (лот. Wolframium, аз олм. wolf – гург ва ramm – гӯсфанд), W, — унсури кимиёӣ аз гурӯҳи VI ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 74, массаи ат. 183,85.
74 | Волфрам
|
183,84 | |
4f145d46s2 |
Филиззи сафеди нуқрагуни хеле душворгудоз (34000С); t ҷӯшишаш 59000С, зичиаш 19,3 г/см3 волфрам 5,5 ∙ 10-4%-и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Муҳимтарин минералҳои волфрам волфрамит (Mn, Fe)WO4, шеелит CaWO4, тунгсит WO3nH2O, ферберит FeWO4, гюбнерит MnWO4 ва штолсит PbWO4 мебошанд. Соли 1781 олими швед Шееле волфрамро дар шакли оксиди WO3 аз минерали шеелит ҷудо намуд. волфрам-и холисро соли 1783 олимони испаниягӣ бародарон Ф. ва Х. Д-Элюар аз оксиди WO3 ҳосил карданд.
Маъданҳои асосии волфрам дар Хитой, Кореяи Шимолӣ, ИМА, Боливия ва Аргентина мавҷуданд. волфрам-и табиӣ аз 5 изотопи собит иборат аст. В аз нигоҳи кимиёӣ нофаъол мебошад. Дар пайвастҳояш дараҷаҳои оксидшавии +2, +3, +4, +5 ва +6 дорад (собиттарини онҳо +6 аст). Дар шароити муқаррарӣ танҳо бо фтор ва дар ҳарорати баланд бо оксиген, хлор, йод, бром, нитроген, селен, теллур, бор ва карбон ба реаксия медарояд. Бо ҳидроген пайваст ва дар кислотаҳои HCl, HNO3, H2SO4 ва шаҳшароб ҳал намешавад. Ишқорҳо низ ба волфрам таъсир намерасонанд. Танҳо омехтаи кислотаи нитрат HNO3 ва гидрогенфторид HF метавонад волфрамро ҳал намояд. Волфрами филиззии холисро дар натиҷаи таҷзияи ҳароратии хлориди волфрам WCl6 (дар 16000С) дар шакли хока ба даст меоранд. Карбиди волфрам – WC моддаи ниҳоят сахт (наздик ба алмос) ва душворгудоз аст. Ҳангоми пухтан бо кобалт хӯлаи ниҳоят устувори «победит» ҳосил мекунад (барои истеҳсоли асбобҳои харротӣ ва тори рӯшноидеҳи фурӯзонакҳо истифода мешавад). Волфрами холис дар соҳаи электротехника, радиоэлектроника, барои истеҳсоли пӯлодҳои махсуси устувор ба кор меравад. Волфрам бо Cr, Mo, Nb ва Ta хӯлаҳои сахти ба таъсири кимиёӣ пурбардошт ҳосил мекунад. Намакҳои кислотаи волфрамат H2WO4 – волфрамати натрий Na2WO4 дар истеҳсоли пигментҳо, CaWO4, BaWO4 ва MgWO4 барои истеҳсоли моддаҳои нурафкан (люминофорҳо) истифода мегарданд. Волфраматҳои скандий, индий, лантан ва дигар унсурҳои нодир ба таркиби моддаҳои лазерӣ дохил мешаванд. Олимони Институти кимиёи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон синтез ва пайвастҳои хлордори волфрам-ро таҳқиқ мекунанд. Волфрам ва пайвастҳои он заҳрнок мебошанд. Волфрам бо номи «тунгстен» низ маъмул аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
- ↑ Berger, Dan. Why does Tungsten not 'Kick' up an electron from the s sublevel ?. Bluffton College, USA.
- ↑ Шаблон:CRC90
- ↑ Tolias P. (2017). «Analytical expressions for thermophysical properties of solid and liquid tungsten relevant for fusion applications». Nuclear Materials and Energy 13: 42–57. Шаблон:ArXiv. doi:10.1016/j.nme.2017.08.002. Bibcode: 2017arXiv170306302T.
- ↑ Lide, D. R., ed. (2005). "Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds" (PDF). CRC Handbook of Chemistry and Physics (86th ed.). Boca Raton (FL): CRC Press. ISBN 978-0-8493-0486-6.
- ↑ Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. p. E110. ISBN 978-0-8493-0464-4.
Адабиёт
вироиш- Идрисов Т. Кимиёи аносир (элементҳо). Д., 2004;
- Популярная библиотека химических элементов. М., 1983;
- Шретер В.. в Химия. М., 1989.
Сарчашма
вироиш- Волфрам / Т. Идрисов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |