Волӣ — мансаби ҳукуматӣ дар дастгоҳи хилофат, мутасаддии корҳои идораи вилоятҳо.

Вилоятҳои мустақили хилофат — аз қабили Миср, Сурия, Ироқ, Хуросон аз ҷониби волӣ идора мешуд. Бо дастури халифа фармондеҳони қувваҳои низомӣ волӣ таъйин карда мешуданд. Волиҳо ба ҳукумати марказии хилофат тобеъ буда, интиқоли даромадҳои молии музофотро ба марказ таъмин мекарданд. Дар умури идораи музофот ба волӣ ду мансабдор — омили хироҷ ва қозӣ ёрӣ мерасониданд. Волии музофот ваколати сабукдӯш ва таъйин кардани мансабдорони маҳаллӣ ва ҷазо додани гунаҳкоронро дошт. Дар музофоти марзӣ умури низомӣ ба уҳдаи волӣ вогузор буда, салоҳияти музокира ё ҷанг бо неруҳои хориҷиро дошт ва дар забткориҳо берун аз марзҳои хилофат соҳибихтиёр буд. Халифаҳо тавассути волиҳо баъди таъйин кардани валиаҳд аз мардуми вилоятҳо байъат мегирифтанд. Хуросон дар ибтидо аз тарафи волии Ироқ ва баъд то соли 821 аз ҷониби волиҳои хилофат идора карда мешуд. Дар аҳди Восиқ Биллоҳ бо ташкилёбии аморатҳо мавқеи волиҳо дар хилофат суст гардид. Дар Хуросону Мовароуннаҳр сарвари музофотро волӣ ё ҳоким мегуфтанд. Мансаби волӣ имрӯз дар ҶИА вуҷуд дорад, ки раиси Ҳукумати иҷроияи вилоят мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • لاپیدوس ایرا ماروین. تاریخ جوامع اسلامی. ترجمه علی بختیارزاده. تهران، ۱۳۸۱؛
  • دانشنامه دانش گستر. جلد ۱۷. تهران.۱۳۸۹ ش.ر

Сарчашма

вироиш