Ворис Рауфов (10 январи 1928, деҳаи Унҷӣ, ноҳияи Хуҷанд) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Узви КПСС аз соли 1950.

Ворис Рауфов
Таърихи таваллуд 10 январ 1928(1928-01-10)
Зодгоҳ деҳаи Унҷӣ, ноҳияи Хуҷанд
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин

Солҳои 1941—1948 колхозчӣ, 1948—1950 ва 1964—1967 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1953—1964 ронандаи колхози ба номи А. А. Жданови ноҳияи Қумсангир,1950—1953 дар сафи Артиши Шӯравӣ ва аз 1968 обмони колхози ба номи С. Урунхӯҷаеви ноҳияи Хуҷанд. Бригадаи Рауфов соли 1948 ҳосили фаровони пахта рӯёнд.

Ҷоизаву орденҳо

вироиш

Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шу­дааст.

Сарчашма

вироиш
  • Рауфов Ворис // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).