Ворис (ар. الوارث‎ – меросбар) — дар ҳуқуқи гражданӣ шаҳрвандони дар лаҳзаи кушодани мерос зинда, кӯдакони ҳангоми зинда будани меросгузор дар батни модар ва баъди кушодани мерос зинда таваллудшуда дониста мешаванд.

Ворис дар қонуни маданӣ

вироиш

Дар навбати аввал мероси қонуниро бо ҳиссаи баробар фарзандон (аз ҷумла фарзандхондашудагон), ҳамсарон, падару модар, фарзандхондагон ва кӯдакони баъди вафоти меросгузор таваллудшуда мегиранд. Ҳангоми набудани меросгирони навбати якум ҳуқуқи вориси қонуниро дар навбати дуввум бо ҳиссаи баробар бародару хоҳарони меросгузор ва бобову бибӣ ҳам аз тарафи модар ва ҳам аз тарафи падар мегиранд. Ҳангоми набудани меросгирони навбатҳои якум ва дуввум ҳуқуқи меросгирии қонуниро дар навбати севвум бо ҳиссаи баробар бародару хоҳарони падару модари меросгузор мегиранд. Наберагони меросгузор ва наслҳои онҳо дар навбати аввал, фарзандони бародару хоҳарони меросгузор дар навбати дуввум, духтару писарони амма, хола, тағо ва амаки меросгузор дар навбати севвум бо ҳуқуқи пешниҳод мерос гирифта метавонанд (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1166–1168). Ҳиссаи вориси қонуние, ки то бархурдорӣ аз мерос ва ё дар як вақт бо меросгузор вафот кардааст, бо ҳуқуқи пешниҳод ба наслҳои ӯ мегузарад ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун байни онҳо баробар тақсим карда мешавад. Наслҳои ворисе, ки меросгузор онҳоро қонунан аз ворисӣ маҳрум кардааст, бо ҳуқуқи пешниҳод мерос гирифта наметавонанд. Наслҳои ворисе, ки то кушода шудани мерос ва ё дар як вақт бо меросгузор вафот кардааст, ҳамчунин ворисони ношоиста ҳуқуқи гирифтани меросро надоранд ва бо ҳуқуқи пешниҳод мерос гирифта наметавонанд.

Ҳангоми меросгирии қонунӣ фарзандхондашудаву наслҳои ӯ, аз як тараф ва фарзандхондаву хешовандони ӯ, аз тарафи дигар, бо хешони хунӣ баробар дониста мешаванд. Фарзандхондашудагон ва наслҳои онҳо баъди вафоти падару модари фарзандхондашуда ва хешони дигари ҳамхуни ӯ, мутобиқи қонун, мерос намегиранд. Падару модари фарзандхондашуда ва дигар хешони ҳамхуни аҷдодии ӯ, тибқи қонун, баъди вафоти фарзандхондашуда ва наслҳои ӯ мерос намегиранд. Ворисони қонунии ҳар як навбат дар ҳолати набудани ворисони навбати пешина, барканор намудани онҳо аз мерос, аз тарафи онҳо қабул нагардидани мерос ё даст кашидан аз он ба мерос ҳуқуқ доранд.

Ба ворисони қонунӣ ҳамчунин шахсони ғайри қобили коре дохил мешаванд, ки дар муҳлати на камтар аз як соли то фавти меросгузор таҳти таъминоти ӯ қарор дошта, ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекарданд. Кӯдакони ба балоғат нарасида ва ғайриқобили кори васиятгар, падару модар (падархондаву модархонда), ҳамсари ғайриқобили кор, сарфи назар аз мазмуни васиятнома, на камтар аз се ду ҳиссае, ки ба ҳар яки онҳо ҳангоми мероси қонунӣ (ҳиссаи ҳатмӣ) тааллуқ дошт, мерос мегиранд.

Кредиторони меросгузор ҳуқуқ доранд талаботи худро, ки аз уҳдадориҳои меросгузор бармеояд, ба иҷрокунандаи васиятнома, идоракунандаи мерос ё ворисон пешниҳод намоянд. Ворисон ҳамчун қарздорони муштарак дар доираи арзиши амволи ба ҳар яки онҳо гузошта ҷавоб медиҳанд (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1186 ва 1187).

Ворис дар ислом

вироиш

ворис дар фиқҳ шахсест, ки молу дороӣ ва манофеи ҳуқуқии меросгузор пас аз вафоташ бо саҳмҳои муайян ба ӯ интиқол меёбанд. Қуръон ворисонро ба чаҳор гурӯҳи умда:

  • фарзандон,
  • падару модар,
  • зану шавҳар,
  • шахси калола тақсим ва барои ҳар кадоми онҳо саҳмҳоеро пешбинӣ намудааст (4:12 ва 13).

Ин ворисон аз назари фиқҳӣ ба се сатҳ ва ё дараҷа тақсим мешаванд. Ворисони дараҷаи аввалро онҳое ташкил медиҳанд, ки саҳмашон дар Қуръон муайян гардида, асҳобу-л-фуруз (соҳибони фарзҳо – саҳмҳои муайян) номида мешаванд ва бо дар назар доштани ҳолатҳои гуногун дар дувоздаҳ маврид мерос мебаранд. Дараҷаи дуюми ворисонро асабот (онҳое, ки аз тариқи падар ба меросгузор пайванди қаробат доранд), дараҷаи сеюми ворисонро зави-л-арҳом (хешовандони модарӣ) ташкил медиҳанд. Фарзандон вақте ки аз ворисони асҳоби фуруз бошанд, барои як мард саҳме баробари ҳиссаи ду зан муайян гардидааст. Агар пас аз шахси фавтида танҳо ду духтар ва ё болотар аз он ворис боқӣ бимонад, аз се ду ҳиссаи моли тарака ба онҳо тааллуқ мегирад. Агар ворисони шахси фавтида ду духтар бошанд, ба ҳар кадомашон аз се як ҳиссаи он мерасад, ки дар маҷмӯъ аз се ду ҳиссаро ташкил медиҳанд ва агар бештар аз ду нафар бошанд, ҳаққи умумии ҳамаашон низ аз се ду ҳисса аст, ки онро дар байнашон ба таври яксон тақсим менамоянд. Як ҳиссаи боқимонда ба дигар ворисон (ғайри фарзандон, агар вуҷуд дошта бошанд) мерасад. Аммо агар танҳо як духтар боқӣ монда бошад, нисфи тарака ҳаққи вай мешавад ва нисфи дигараш ба ворисони дигар (ғайри фарзандон) дода мешавад. Дар сурате, ки ғайр аз духтарон умуман, ҳеч гуна вориси дигаре надошта бошад, боқимондаи мол – як ҳисса ва ё нисфи он бар асоси қоидаи «рад» боз ба ҳамон духтарон баргардонида мешавад.

Меросбарии падару модар аз фарзанди фавтидаашон се ҳолат дошта, ҳаҷми саҳмашон дар ҳар ҳолат фарқ мекунад:

  1. Агар падару модар вориси ӯ бошанд ва аз вай фарзанд боқӣ монда бошад, ҳар кадоми онҳо аз шаш як ҳиссаи моли гузоштаи ӯро мерос мебаранд ва чаҳор ҳиссаи дигари он ба фарзанд ва ворисони дигараш мерасад, хоҳ як фарзанд боқӣ монда бошад, хоҳ бештар; чи писар бошад, чи духтар.
  2. Агар ҳеч фарзанде надошта, танҳо падару модараш вориси ӯ бошанд, модараш аз се як ҳиссаи моли меросро ҳақбар мешавад ва ду ҳиссаи дигар ба падар мерасад.
  3. Агар фавтида илова бар падару модар бародар низ дошта бошад, вуҷуди онҳо ҳаққи модарро дар мерос ба миқдори нисф кам мегардонад ва саҳми ӯро аз сеяк ба шашяк мерасонад. Тамоми саҳмҳо ва ҳиссаҳои мазкур пас аз баровардани васият, пардохти қарзҳо ва пас аз таҷҳизу такфини (гӯрондани) шахси фавтида ба ворисон дода мешаванд.

Тартиби меросбарии гурӯҳи сеюми ворисон – зану шавҳар: Шавҳар ду ҳолати меросбарӣ дорад, дар яке нисф ва дар дигаре аз чаҳор як ҳиссаи моли таракаи ҳамсари фавтидаашро ҳақбар мешавад. Агар зани фавтида фарзанд надошта бошад, шавҳараш нисфи он молеро, ки зан пас аз худ бар ҷой гузоштааст, мерос мебарад, вале агар аз худ фарзанд бар ҷой гузошта бошад, шавҳар чаҳоряки он молро мерос мебарад. Дар ҳар ду сурат боқимондаи мол ба ворисони дигар дода мешавад. Дар ин ҷо он фарзанд як нафар бошад ё бештар, писар бошад ё духтар, аз ҳамон шавҳараш бошад ва ё аз шавҳари қаблиаш – фарқ намекунад, онҳо дар тамоми ҳолатҳо саҳми шавҳарро аз нисф ба чаҳоряк мерасонанд (ҳаҷби нуқсон мекунанд).

Вақте ки мард бифавтад ва аз худ фарзанд боқӣ нагузорад, дар ин ҳолат ҳамсараш аз чаҳор як ҳиссаи моли таракаро ҳақбар мешавад, вале агар фарзанд дошта бошад, зан аз ҳашт як ҳиссаро мерос мебарад. Мард ва ё зан дар ҳоле вафот намояд, ки на падару модари ахёфӣ (модарӣ) ва на фарзанде гузошта бошад ва танҳо бародар ва ё хоҳараш вориси ӯ бошад, аз шаш як ҳиссаи моли мерос ба вай мерасад ва агар аз як нафар бештар бошанд, ҳама дар сулс (сеяк)-и мол шарик мегарданд ва боқимондаи мол дар ҳар ду сурат ба ворисони дигар (ғайр аз бародару хоҳар) дода мешавад. Аммо агар умуман ҳеч ворисе вуҷуд надошта бошад, бар асоси қоидаи «рад» боқимондаи мол низ ба вай баргардонида мешавад. Агар мард пас аз худ зани бордор гузорад, саҳме аз мероси вай барои он ҳамл нигаҳ дошта мешавад, дар сурате ки он ҳамл зинда ба дунё ояд, он саҳм ба вай тааллуқ мегирад. Агар шавҳари зане, ки дар иддаи талоқи раҷъӣ ба сар мебарад, дар давраи иддаи вай вафот намояд, зан аз ӯ мерос мебарад.

Адабиёт

вироиш
  • Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 3. Д., 2005.;
  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Д., 2012;
  • الموسوعة الفقهية. المجلد ۳. الكويت، ۱۹۸۳

Сарчашма

вироиш