Воруна
Воруна (ҳин. бос. वरुणः váruṇaḥ[1]) — яке аз куҳантарин ва тавонотарин худоёни эзадкадаи ориёӣ ва устураи ведоӣ, ки нигаҳбони низоми табиии кайҳонӣ ва фазилатҳои ахлоқӣ дониста мешуд.
санскр. वरुण | |
Мифология | Ҳиндуия ва буддогароӣ |
Сфера влияния | water[d] |
Пол | мард |
Отец | Kashyapa[d] |
Мать | Aditi[d] |
Братья и сёстры | Ādityas[d] |
Дети | Vasishtha[d] |
В иных культурах | Suiten[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар забони қадимии юнонӣ маънои «Осмони соф»-ро дошт. Замину Осмон дар устураи мардуми ориёӣ падару модари кайҳонӣ шинохта мешуданд, аз ин рӯ, Осмон нахустин худои ориёӣ ба шумор мерафт. Бо мурури замон дар давраи ведоӣ Воруна ҳамчун худои осмонӣ мазҳари фазои олам дониста шуд. Оташе, ки дар шакли барқ аз осмон меояд (дар асотири халқҳои эронӣ — Озар), писари Воруна маҳсуб мешуд. Аз байни худоҳои нисбатан бузурги аҳди бостони ориёӣ (Воруна, Индра, Аноҳита, Меҳр ва ғайра) Воруна ҳамчун мазҳари қувваҳои моддии табиат, эзади некхоҳу меҳрубон ба шумор мерафт, ки аз рӯйи аҳаммияташ танҳо бо Индра баробар буд, зеро ҳар ду аз ҷумлаи худоёни мустабид буданд. Дар Ведаҳо ба Воруна сурудҳои ниёишии зиёд бахшида шудаанд.
Эзадони ведоӣ ба се гурӯҳ — осмонӣ, фазоӣ ва заминӣ тақсим мешуданд. Воруна аз ҷумлаи худоёни осмонӣ ба шумор меравад. Он бо Худои аҳду паймон — Митра (Меҳр) сахт алоқаманд мебошад. Образи Воруна то пайдо шудани Ведаҳо ба худои обҳои баҳру бари хетиҳо дар тамаддуни хетию аккадии Аруна ва Аҳурои дини маздоии куҳан шабоҳат дошт. Номи Воруна ҳамроҳ бо Митра ва Индра дар паймони шоҳони Осиёи Пеши ҳазораи дуюми то м. сабт гардидааст.
Бо вуҷуди он ки Воруна ва Митра нигаҳбони низоми кайҳонӣ пиндошта мешуданд, ба Воруна қувваю қудрати фавқулодаи соҳирӣ (майя), ҳамчунин масъулияти амали низоми оламро нисбат медоданд. Воруна худои обҳои кайҳонӣ низ дониста мешуд. Дар Ведаҳои навтар, ҳангоме ки Праҷапати эзиди офаринанда ва илоҳаи аъзам шинохта шуд, мақоми Воруна таназзул ёфта, ҷойи онро Индра гирифт. Баъди асри ведоӣ Воруна ба худои муқаррарии кишвари рӯшноӣ табдил ёфт. Дар асотири пуранӣ (баъдиведоӣ) омадааст, ки Воруна аз худои бартар ба илоҳаи уқёнусҳо, дугоники Нептун табдил ёфтааст. Дарёҳо, ки ба воситаи онҳо оби баҳру уқёнусҳо таъмин мегардид, хоҳарони Воруна маҳсуб мешуданд. Воруна муқобили обхезию туғёнҳои харобиовар мубориза мебурд.
Дар уқнумнигории ҳиндуия Воруна ҳалқаи дор дар даст тасвир мешуд, ки рамзи худои мустабид будани ӯро ифода мекард. Баъди давраи ведоӣ ӯро ҳамчун илоҳае тасвир кардаанд, ки дар тахти алмосӣ дар бари ҳамсараш нишаста, дар атрофаш худоёни кучаки кӯлу дарёҳо гирд омадаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Mayrhofer M. Kurzgefaßtes etymologisches Wörterbuch des Altindischen. — Heidelberg: Carl Winter Universitätsverlag, 1956. — Т. III. — С. 151.
Адабиёт
вироиш- Елизаренкова Т. Я. Еще раз о ведийском боге Варуне // Труды по востоковедению. Вып. 1. Тарту. 1968;
- Древнеиндийская философия. Начальный период. М., 1963;
- Ригведа. Избранные гимны. М., 1972;
- Невелева С. А. Мифология древнеиндийского эпоса. М., 1975;
- Дубянский А. М. Протоиндийская религия // Древо индуизма. М., 1999;
- История Востока. Т. 1. Восток в древности. М., 2000;
- محمد شریف. تاریخ فاسفه در اسلام. تهران، 1363
Сарчашма
вироиш- Воруна / М. Ҳазратқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.