Восиъ (ар. الواسع‎ – фарогир, пургунҷоиш), ал-Восиъ, Восеъ — яке аз номҳои Худованд, ба маънои зоте, ки дар асмо ва сифоташ бовусъат буда, ҳама чизро фаро гирифтааст.

Корбурдҳои гуногуни вожаи Восиъ дар Қуръон ба он маъност, ки Худованд восиъу-л-илм (2: 115), восиъу-р-раҳмат (7: 156), восиъу-л-мағфират (53: 32), восиъу-л-ҳикмат (4: 120), восиъу-л-фазлу рӯзӣ (3: 73, 5: 54, 24: 32), восиъу-л-мулк (2: 255) ва ғ. аст; ҳама чиз бо нисбатҳои мутафовит машмули ин сифоти Ӯ-янд ва ҳеч чизе аз онҳо берун нест. Исми Восиъ барои Худованд бо Қуръон ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар «Сунани Тирмизӣ» дар радифи 46 собит шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • ابواسحاق ابراهيم بن السري الزجاج، تقسيم اسماء الله الحسني. دمشق، 1986.؛
  • احمد مختار عمر، اسماء الله الحسني: ىراسة في البنية والدلالة. القاهرة، 1997 ؛
  • محمود سليمان سامي، النور الاسمي في شرح اسماء الله الحسني (ترجمه فارسي، مجتبي دروزي). – تهران، 1387 ش.ر

Сарчашма

вироиш