«Востокредмет» — корхонаи воҳиди давлатӣ дар соҳаи коркарди маъдан ва дигар филиззоти нодир.

Востокредмет
Навъ ширкати тиҷорӣ
Таъсисёбӣ 1945
Макон

Таърихи таъсис

вироиш

Бунёд ва фаъолияти истеҳсолии Востокредмет ба ташкили пойгоҳи ашёи хоми уран ба солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон рост меояд. Дар оғоз Комб. кӯҳӣ-кимиёии Ленинобод (№ 6) (1945), баъдан Иттиҳодияи истеҳсолии «Востокредмет» – Комб. шарқии филиззоти нодир) (1991) ном гирифт. Аз соли 2000 Корхонаи давлатии «Востокредмет». Тибқи қарори Кумитаи давлатии мудофиаи ИҶШС (1942) истихроҷи маъдани уран аз конҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, расман оғоз гардид. Мавҷудияти маъдани уран дар конҳои Табошар (ҳоло Истиқлол) ва Адрасмон боиси истихроҷ ва коркарди саноатии он гардид. Дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ду корхонаи таҷрибавии коркарди маъдани уран дар ш. Табошар ва ноҳияи имрӯзаи Бобоҷон Ғафуров сохта шуд (1945). Коркарди шаборӯзии маъдан дар ин корхонаҳо 20–40 т-ро ташкил медод. Солҳои 1950–51 экспедитсияи махсус баҳодиҳии захираҳои конҳои урани Тариэкан ва Каракатро анҷом дода, барои баҳрабардорӣ ба Комб. № 6 пешниҳод намуд. Баъди барҳамхӯрии экспедитсияи мазкур, корҳои ҷустуҷӯӣ аз тарафи комбинат иҷро мегардиданд. Геологҳои Комб. № 6 соли 1953 кони Октябр, соли 1968 кони Киик-Тал ва соли 1975 кони Межгорноеро кашф намуданд. Дар натиҷаи корҳои иктишофӣ-геологӣ конҳои урани Тоҷикистон ба се минтақа: Муғул – Қаромазор, Ҳисор – Қаротегин ва Помир тақсимбандӣ гардиданд. Истихроҷи саноатии маъдани уран дар конҳои Тоҷикистон соли 1945 оғоз гардида, то соли 1989 идома ёфт. Ҳамаи ин корҳоро Комб. № 6, баъдан Комб. кӯҳии кимиёии Ленинобод (ҳоло «Востокредмет») анҷом доданд. Истихроҷи маъдан асосан дар минтақаҳои Муғул – Қаромазор бо усули кушод, зеризаминии кӯҳӣ ва бо маҳлулгузаронии зеризаминӣ ба роҳ монда шуд. Солҳои 1948–50 дар ш. Чкалов корхонаи пуриқтидори коркарди маҳсулоти урандор сохта шуда, соли 1963 навсозӣ гардид. Он на танҳо маъдани маҳаллӣ, инчунин маъдан ва маҳлули аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон воридшударо коркард менамуд.

Корхонаҳои тобеъ

вироиш

Востокредмет аз корхонаҳои зертобеи зерин иборат аст: Корхонаи гидрометаллургӣ (коркарди маҳсулоти урандор, ванадийдор ва холискории филиззоти гаронбаҳо (тило ва нуқра); Корхонаи мошинасозии Чкалов (таъмир ва истеҳсоли дастгоҳҳои кӯҳӣ бо усули гудохтани филиззот ва коркарди механикӣ); Корхонаи муштараки «Хуҷанд-Зил» (таъмир ва сохтани автобус ва дигар таҷҳизоти саноати мошинсозӣ); Коргоҳи илмӣ-истеҳсолии «Технология» (аввал озмоишгоҳи марказии илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзиши роҳҳои коркард ва ташхиси маъдан ва маводди кимиёӣ, мониторинги партовгоҳҳои уран); Идораи худрав (хидматрасонии соҳавӣ ва истеҳсоли асфалт); Идораи сохтмону васлкунӣ (корҳои сохтмонӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ); Корхонаи заргарӣ (истеҳсоли маҳсулот аз тилову нуқра ва сангҳои қиматбаҳо); Маркази илмӣ-истеҳсолии «ЭлТА» (коркарди компютерии маълумот).

Роҳбарони Востокредмет: Б. Н. Чирков (1945–53); Д. Т. Десятников (1953–58); Г. В. Зубарев (1958–60); В. Я. Опланчук (1991–93); Ю. Н. Филтсев (1993–95); В. К. Ларин (1995–97); З. А. Розиқов (1997–2007); Ш. Б. Бобоҷонов (2007–09); А. М. Фаёзов (2009–12); А. Ҳикматов (2012–13); Қ, Қ. Маҳмадов (аз 2013).

Сарчашма

вироиш