Бӯстон (шаҳр)

шаҳр дар Тоҷикистон

Бӯстон (то 2016 — Чкаловск) — шаҳр дар вилояти Суғд. Аҳолӣ — 38 400 нафар (2022).

Шаҳр
Бӯстон
Бӯстон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Тақсимоти дохилӣ 1 шаҳр, 1 шаҳрак
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис соли 1956|10 августи 1956
Номҳои пешина Чкаловск
Масоҳат 29,7 км²
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 38 400[1] тан (2022)
Миллият тоҷикҳо, ӯзбекҳо, русҳо
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3454
Нишонаи почта 735730
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Сохтмони шаҳри Чкаловск соли 1949 дар назди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд оғоз гардида буд. Дар аввал он танҳо маркази саноатӣ ё инки маркази коркарди уран ҳисоб мешуд ва он номи корхонаи калонеро, ки дар ин ҷо кор мекард, дошт. Дар даврони шӯравӣ ин шаҳр — шаҳри махфӣ ба ҳисоб мерафт барои он, ки дар ин ҷо заводи коркарди маъдани уран, ки барои истифодаи яроқи қатли ом ва неруи атомӣ аз ҷониби ИҶШС амал мекард. Академики АИ ИҶШС Курчатов асосгузори ин корхонаи коркарди атом буд. Аввал ин шаҳр Сотсгород (шаҳри сотсиалистӣ) ном дошт ва баробари сохтмони корхонаи коркарди уран, сохтмони шаҳри нав низ оғоз гардид. Дертар номи шаҳрро бо номи олими бузурги рус Курчатовск номгузорӣ карданӣ буданд, вале азбаски, шаҳр махфӣ ба ҳисоб мерафт, ба он номи ҳавонаварди қаҳрамони СССР Чкаловро гузоштанд. Бо қарори Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2016 номи шаҳр ба Бӯстон иваз шудааст.[2]

Аҳолӣ

вироиш
Сол 2012 2013 2019 2020 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
29,7 30,8 33,2 34 37,1 38,4

Шиноснома

вироиш

Шиносномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Бӯстон

  • Санаи ташкилёбӣ – 10 августи соли 1956
  • Масоҳат – 29,7 км², аз он ш. Бӯстон – 10,7 км²,
  • ҷамоати шаҳраки Палос – 19,0 км.²
  • Аҳолӣ –29 800 [3]
  • Аз он ҷумла мардҳо – 9,9 ҳазор, занҳо – 10,8 ҳазор
  • Маркази минтақа – ш. Бӯстон

Миллат

вироиш
  • тоҷикон – 27,9 ҳаз. нафар (91,4 %)
  • русҳо – 1,9 ҳаз. нафар (6,1 %)
  • тоторҳо - 0,5 ҳаз. нафар (1,6%)
  • дигар миллатҳо 0,3 ҳаз. нафар (1,3 %)
  • Аҳолии марказ – 28,2 ҳаз. нафар
  • Аҳолии Ҷамоати шаҳраки Палос – 2,4 ҳазор нафар

Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот

вироиш
  • Ҷамоати шаҳраки Палос

Саноат ва энергетика

вироиш
  • Шумораи корхонаи саноатӣ 20

Аз ҷумла :

  • Саноати масолеҳи бинокорӣ – 2
  • Саноати сабуки маҳаллӣ – 1
  • Саноати хурокворӣ – 8
  • Ордкашӣ – 3
  • Мошинсозӣ, электронӣ – 1
  • Электротехникӣ, коркарди металл – 1
  • Истихроҷи маъдан – 1
  • Истихроҷи сангҳои қимматбаҳо -3
  • Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа – 1426

Сохтмон

вироиш
  • Шумораи ташкилотьои сохтмонӣ – 14
  • Шумораи хизматчиёни соҳа – 45
  • Шумораи мошинҳо ва механизмҳо – 9
  • Bulleted list item

Алоқа

вироиш
  • Бахшҳои алоқаи ҶС «Тоҷиктелеком» — 1
  • Стансияҳои телефонии шаҳр (марказӣ деҳот) – 1 [4]

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: