Вофир (ар. وافر‎ — бисёр, фаровон) — номи яке аз баҳрҳои махсуси шеъри арабӣ.

Баъзе шоирони форс-тоҷик барои санҷиши маҳорати худ дар ин баҳр шеър гуфтаанд. Ин баҳрро барои он вофир меноманд, ки дар рукни он ҳиҷои кӯтоҳ нисбат ба ҳиҷои дароз бисёр аст. Рукни асосии вофир мафоилатун (V – VV –) аст. Халил ибни Аҳмад онро аз ҷузви аввали доираи дуввуми арӯзи арабӣ (нигар Доираҳои арӯз), яъне, доираи муъталифа дар шакли мусамман ҷудо кардааст. Аз рукни солими вофир чор навъи он – мусаммани солим, мусаддаси солим, мураббаи солим ва мусаннои солим ба вуҷуд меоянд. Барои сохтани навъҳои дигари ин баҳр аз рукни солим ва зиҳофҳо (нигар Зиҳоф), ки шумораашон зиёд аст, истифода мебаранд. Мисолҳо: Вофири мусаммани солим:

Чӣ шуд, санамо, ки сӯйи касе ба чашми ризо наменигарӣ,
Зи расми ҷафо намегузарӣ, тариқи вафо намесипарӣ,

мафоилатун / мафоилатун / мафоилатун / мафоилатун
V – VV – / V – VV – / V – VV – / V – VV –

Сайфӣ

Вофири мусаддаси солим:

Буто, ғами ту бар ин дили ман бизад аламе,
Чунонки аз ӯ ба гирди ҷаҳон шудам аламе.
 
мафоилатун / мафоилатун / мафоилатун
V – VV – / V – VV – / V – VV –

Насируддини Тӯсӣ

Вофири мураббаи солим:

Бадӣ чӣ кунӣ ба ҷони касе,
Ки ӯ накунад ба ҷони ту бад.
 
мафоилатун / мафоилатун
V – VV – / V – VV –

Адабиёт

вироиш
  • Тоиров У. Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам. Ҷ. 1. Д., 1994;
  • شمس الدین محمد بن قیس الرازی. المعجم فی معاییر اشعار العجم. تهران، 1338 هـ. ش.ر

Сарчашма

вироиш