Баҳр (илми арӯз)
Баҳр (ар. بحر) — дар илми арӯз навъҳову ҷинсҳои вазни каломи мавзун — шеърро гӯянд, ки дар зери як номи умумӣ гирд оварда мешаванд.
Тамоми баҳрҳои арӯзи шеъри арабу аҷам аз рукнҳои солими арӯз: фаӯлун, фоилун, мафоӣлун, фоилотун, мустафъилун, мафъӯлоту, мафоилатун, мутафоилун ҳосил мешаванд. Дар асоси ин рукнҳо баҳрҳои Ҳазаҷ, Рамал, Раҷаз, Мутақориб, Мутадорик, Қариб, Музореъ, Мушокил, Ҷадид, Хафиф, Муҷтасс, Сареъ, Мунсареҳ, Муқтазаб, Тавил, Мадид, Басит, Вофир, Комил ба вуҷуд омадаанд. Арӯзиёни араб ва форс-тоҷик барои осон шудани дарёфт ва дар хотир нигоҳ доштани ному тарзи ҷойгирии Б.-ҳо ва вобаста ба ҳамнавъию баробарии адади унсурҳои таркибии баъзеи онҳо Б.-ҳоро дар доираҳои Мухталифа, Муъталифа, Муҷталиба, Муштабеҳа, Муттафиқа, Мухталита, Мунтазиа ҷой додаанд (ниг. Доираҳои арӯз). Баъзе арӯзиёни баъдии форс-тоҷик, мисли Баҳромии Сарахсӣ, Бузургмеҳри Қоинӣ дар асоси рукнҳои солими арӯз боз бисту як баҳри нав (Сарим, Кабир, Бадил, Қалиб, Ҳамид, Сағир, Асамм, Салим, Ҳамим, Маснӯъ, Мустаъмал, Ахрас, Мубҳам, Маъкӯс, Муҳмал, Қотеъ, Муштарак, Муаммам, Мусаттар, Муайян, Боис) ихтироъ карда, дар доираҳои Мунъакиса, Мунъалақа, Мунғалата ҷой додаанд.
Баҳрҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: баҳрҳои аслӣ ва баҳрҳои фаръӣ. Аз нуздаҳ Б.-и маъмулу машҳур ёздаҳтоашон (Ҳазаҷ, Рамал, Раҷаз, Мутақориб, Мутадорик, Музореъ, Хафиф, Муҷтас, Сареъ, Мунсареҳ, Муқтазаб) байни арӯзи арабу аҷам муштарак буда, панҷтоашон (Тавил, Мадид, Вофир, Басит, Комил) танҳо дар арӯзи арабӣ ва сетоашон (Қариб, Мушокил, Ҷадид) фақат дар арӯзи форсии тоҷикӣ ба кор бурда мешаванд. Баъзе шоирони гузашта ва имрӯзаи тоҷик барои озмоиши табъ дар баҳрҳои махсуси араб низ шеърҳо эҷод кардаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳр / У. Тоиров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Баҳром Сирус. Арӯзи тоҷикӣ. Д., 1963;
- Тоиров У. Фарҳанги истилоҳоти арӯзи Аҷам. Д., 1991;
- Тоиров У. Офтобе дар миёни сояе. Қисмҳои 1 ва 2. Д., 1999;
- فرهنگنامۀ أدبئ فارسی، دانشنامۀ أدب فارسی، ج. ۲، تهران، ۱۳۷۶ هـ. ش.