Вояи дору
Вояи дору, дозаи дору — миқдори доруе, ки духтур барои муолиҷаи беморӣ таъйин мекунад.
Дар дорухат (ретсепт) вояи доруро бо грамм, миллилитр ё воҳиди таъсири биологӣ (ВТ) нишон медиҳанд. вояи доруе, ки барои як бор таъйин карда мешавад, вояи якбора, вояи доруе, ки барои як шаборӯз таъйин мекунанд, вояи шаборӯзӣ ном дорад. Вояи дору баъзан барои тамоми даври табобат муқаррар карда мешавад (вояи пурра). Вояи камтарини доруро вояи кеҳин (камтарин)-и муолиҷавӣ ва вояи бештарини онро вояи меҳин (бештарин)-и муолиҷавӣ меноманд. Вояи меҳини якбора ва вояи меҳини шаборӯзӣ низ мавҷуд аст. Дар амал бисёр вақтҳо вояи миёнаи муолиҷавиро кор мефармоянд. Дар сурати зиёд кардани вояи муолиҷавӣ организм заҳролуд мешавад. Вояи заҳрнокро ба вояи заҳрноки бештарин, вояи заҳрноки миёна ва вояи заҳрноки марговар ҷудо мекунанд. Меъёри вояи кеҳини муолиҷавӣ ва меъёри кеҳини заҳрнокӣ вобаста ба доираи таъсири шифобахши дору муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми зиёд намудани вояи дору, одатан, таъсири фармакологии моддаҳо меафзояд. Бузургии вояи дору вобаста ба хусусияти беморӣ тағйир меёбад. Мас., дар мавриди истифода аз усули кимиёшифоии бемориҳои сироятӣ бисёр вақтҳо дар оғози беморӣ вояи бештарини дору (вояи зарбавӣ)-ро таъйин мекунанд. Ҳангоми табобати баъзе бемориҳои музмин доруро бисёр ва бо вояи зиёд (баҳри дар организм ба вуҷуд овардани савияи зарурии дору) таъйин намуда, сипас вояи онро кам (вояи устувордории табобат) мекунанд. Ба кӯдакону пирсолон вояи доруро эҳтиёткорона таъйин намудан лозим аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Вояи дору // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.