Воқиъа (араб. سورة الواقعةрӯйдоди қиёмат) — панҷову шашум сураи Қуръон. Дар Макка нозил шуда, аз 96 оят ва 3 рукӯъ иборат аст. Ба тартиби нузул сураи 41-ум аст. Номи Воқиъа аз ояти 1 гирифта шудааст.

Воқиъа — سورة الواقعة
Sura56.pdf
Матни арабии сура
Маънои ном

рӯйдоди қиёмат

Гурӯҳбандӣ

Маккӣ

Омор
Рақами сура

56

Шумораи оятҳо

96

Ҷузъ

27

Шумораи рукӯъ

3

Сураи гузашта

Сураи Ар Раҳмон

Сураи раванд

Сураи Ал Ҳадид

Тарҷумаҳо

QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru


IslamSymbol.svg       Folder Hexagonal Icon.svg       Wiktionary-logo-ru.png       Wikiquote-logo.svg       Wikisource-logo.svg       Commons-logo.svg

МундариҷаВироиш

Дар оғози Воқиъа сухан дар бораи ҳодисаҳое меравад, ки ҳангоми барпошавии қиёмат ва баъд аз он воқеъ хоҳанд шуд. Мардум ҳама ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: асҳоби дасти рост – асҳоби маймана (биҳиштиён); асҳоби дасти чап – асҳоби майсара (дӯзахиён) ва собиқон – пешравони биҳишт, ки муқаррабон ҳастанд. Мақоми гурӯҳҳои якуму сеюм биҳишт аст. Оятҳои 12–40-и Воқиъа ба васфи биҳишт бахшида шудаанд. Баъд аз ин (оятҳои 41–56) дар бораи аҳволи асҳоби дасти чап ва ҷойгоҳи онҳо дар он ҷаҳон аст. Ва он аҳволу ҷойгоҳ ҷазои гуфтор, кирдор ва пиндорест, ки онҳо дар зиндагонии ин ҷаҳон доштанд. Сипас, аз оятҳои 57 ба баъд Худо ба мардуми муосир хитоб намуда, онҳоро ба сӯйи имон ба Худои ягона, ҳақ будани зинда гардонидан дар охират даъват мекунад. Аз ояти 74 боз савганди Худо дар хусуси мақоми баланди Қуръон меояд. Ояти машҳуре, ки онро дар варақаи унвони аксари нусхаҳои Қуръон сабт мекунанд – «Он, ки ин Қуръон гиромиқадр аст, дар Китоби пӯшида, ки ба ҷуз поккардагон касе ба он даст намерасонад» – дар Воқиъа аст (оятҳои 77–79). Дар охир (аз ояти 88) боз ба аҳволи се гурӯҳ: муқаррабон, асҳоби дасти рост ва муказзибон (дурӯғшуморандагон) ишора шудааст. Муфассирон тавсиферо, ки барои биҳишту дӯзах дар Воқиъа омадааст, беҳтарин баён донистаанд.

  Чун қиёмат воқеъ шавад,   ки дар воқеъ шуданаш ҳеҷ дурӯғ нест,   гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯрҳеро баландкунанда.   Он гоҳ, ки замин ба сахтӣ биларзад   ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд   ва чун ғуборе пароканда гарданд,   шумо се гурӯҳ бошед:   яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?   Дигар аҳли шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд?   Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак пеш раводанд (дар ҷаннат).
 

ТафсирВироиш

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш

Сураи қаблӣ: Ар Раҳмон Сура 56Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Ҳадид