Вуллерс, Йоҳанн Август
Йоҳанн Август Вуллерс (олмонӣ: Johann August Vullers; 23 октябри 1803, Бонн — 21 январи 1880, ҳамон ҷо) — шарқшиноси олмонӣ.
Таърихи таваллуд | 23 октябр 1803[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 январ 1880[1] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор |
Зиндагинома
вироишДар донишгоҳҳои Бонн, Берлин (Олмон), Сорбонна (Фаронса) таҳсил карда, улуми динӣ ва забонҳои шарқӣ (забонҳои бостонии эронӣ ва форсии нав, арабӣ)-ро омӯхт. Йоҳанн Август Вуллерс дар омодасозӣ ва ба табъ расондани матни илмию интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хидмат кардааст. Вай ба ин кор баъди нашри матнҳои тайёркардаи Жул Мол ва Тернер Мокон шурӯъ кард. Солҳои 1877-79 бо ҳамкории Ф. Рюккерт 2 ҷилди «Шоҳнома»-ро ба табъ расонд. Кори ӯро шогирдаш С. Ландауэр идома дод (соли 1884 ҷилди сеюми «Шоҳнома» ба табъ расид). Омодасозии ҷилди чорумро, ки таърихи Сосониён аст, шарқшинос Ф. Розенберг ба уҳда гирифт, вале матни омодакардаи ӯ ба табъ нарасидааст. Солҳои ҷашни Ҳазораи Фирдавсӣ (1934-36) пажӯҳишгари маъруфи эронӣ С. Нафисӣ кори Йоҳанн Август Вуллерс-ро идома дода, ҷилди чорумро таҳия кард ва якҷо бо матнҳои омодакардаи Йоҳанн Август Вуллерс ва С. Ландауэр матни комили «Шоҳнома» ба табъ расид, ки он нашри Вуллер-Нафисӣ ном гирифт. Ҳосили заҳматҳои Йоҳанн Август Вуллерс инчунин мураттабсозии «Фарҳанги форсӣ-лотинии вожаҳои „Шоҳнома“-и Фирдавсӣ» (1855-64; нашри такмилёфтааш-1868), таҳияи матни марбути таърихи Салчуқиён аз «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд бо тарҷумаи олмонӣ ва пажӯҳише оид ба Муаллақот — қасидаҳои арабӣ (1827, 1829) мебошанд.
Осор
вироиш- Vullers J. A. Lexicon persico — latinum etimologicum. T. 1 — 2. Bonnae, 1855—1864.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Стариков А. А. Фирдоуси и его поэма «Шахнаме»// Фирдоуси. Шахнаме. Т. 1. М., 1957.
Сарчашма
вироиш- Вуллерс Йоҳанн Август / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.