Вулф, Георгий Викторович
Гео́ргий (Ю́рий) Ви́кторович Вулф (22 июни 1863, Нежин, Русияи Подшоҳӣ — 25 декабри 1925, Маскав, ИҶШС) — кристаллшиноси шӯравӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС (1921).
Таърихи таваллуд | 10 (22) июн 1863 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 25 декабр 1925[1] (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | булӯршиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | doctor rerum naturalium[d] |
Алма-матер |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Варшава (1885), профессор донишгоҳҳои Қазон (1897), Варшава (1899) ва Маскав (1918).
Таҳқиқот
вироишТаҳқиқоти Георгий Вулф ба соҳаҳои кристаллография, кристаллофизика, кристаллооптика, таҳлили рентгеноструктурӣ, минералогия бахшида шудаанд. Соли 1895 Георгий Вулф ҳодисаи таъсири қувваи вазниниро ба шакли кристалл ҳангоми аз маҳлул ҳосил кардани он ошкор сохт, кристаллбандии даврзанандаро ихтироъ карда, усули ҳосил намудани кристаллҳои шаклашон дурустро ёфтааст. Георгий Вулф усули графикии аёнии коркарди натиҷаҳои андозагирии кристаллҳоро бо ёрии ҷадвали стереографӣ ихтироъ намуд ва ин усул ба номи ӯ гузошта шудааст. Георгий Вулф соли 1913 қонуни тафсири нурҳои рентгениеро, ки дар ҳамвориҳои атомии кристаллҳо инъикос меёбанд, ихтироъ ва новобаста ба У. Г. Брэгг формулаи таҳлили рентгеноструктуриро кашф кардааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Вульф Георгий Викторович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 Фандо Р. А. Московский городской народный университет имени А.Л. Шанявского: у истоков экспериментальной биологии, The A.L. Shanyavsky Moscow City People’s University: at the Beginning of Experimental Biology (рус.) // Историко-биологические исследования — 2017. — Т. 9, вып. 4. — С. 57—78. — ISSN 2076-8176; 2500-1221
Сарчашма
вироиш- Вулф Георгий Викторович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.