Вячеслав Красичков
Вячеслав Красичков (русӣ: Вячеслав Прокофьевич Красичков; 10 [22] октябр 1898, ноҳияи Петров[d] — 16 июн 1978, Қӯрғонтеппа) — рустнипарвар, номзади илми кишоварзӣ (1948), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1957), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1952). Барандаи Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) (1950), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972).
Таърихи таваллуд | 10 (22) октябр 1898 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 16 июн 1978 (79 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | гиёҳшиносӣ, рустанипарварӣ[d] ва selective breeding[d] |
Дараҷаи илмӣ: | candidate of agricultural sciences[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишИнститути кӯҳистонии кишоварзӣ (ш. Владикавказ) хатм кардааст (1929). ихтисос — «селексия ва тухмпарварии пахта» Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: селексия ва тухмпарварии пахта. Директори Институти тоҷикистонии тадқиқотии илмии зироаткорӣ (1956—1957). Ноиби президент, академик-котиби Шуъбаи илмҳои табиатшиносии (аз с.1959 Шуъбаи биология ва кишоварзӣ) АИ ҶШС Тоҷикистон (1957—1960). Мудири шуъбаи селексияи пахтаи Институти тоҷикистонии тадқиқотии илмии кишоварзӣ АИ ҶШС Тоҷикистон (1960—1978).
Ҷоизаҳо
вироиш- Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966).
- Бо ду ордени Ленин,
- се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- ду ордени «Нишони Фахрӣ»,
- медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- «Барои меҳнати аъло» тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1952).
- Агрономи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1957).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1950),
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Красичков Вячеслав Прокофевич
- * Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.