Г
Г, г (ном: гэ) — ҳарфи чаҳоруми алифбои кириллии забони тоҷикист.
Ҳарфи сирилики Г | |||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Гг | |||||||||||||||||||||||
Тасвир | |||||||||||||||||||||||
| |||||||||||||||||||||||
Хусусиятҳо | |||||||||||||||||||||||
Ном |
Г: CYRILLIC CAPITAL LETTER GHE | ||||||||||||||||||||||
Юникод |
Г: U+413 | ||||||||||||||||||||||
HTML-код |
Г: | ||||||||||||||||||||||
UTF-16 |
Г: 0x413 | ||||||||||||||||||||||
URL-код |
Г: %D0%93 |
Овозе, ки ин ҳарфро ифода мекунад, ҳамсадои шавшувдори ғайридимоғии пасизабониву пасикомии устувори ҷарангдор аст. Шакли чопиаш Гг, дастнависаш Гг мебошад. То соли 1929 дар забони тоҷикӣ аз алифбои арабӣ истифода мешуд. Дар ин алифбо ҳарфи Г-овози (ге) вуҷуд надошт. Забоншиносон барои ифодаи овози ге-и забони форсии тоҷикӣ ба алифбои арабӣ ҳарферо бо номи «гоф» ҳаммонанди ҳарфи «коф» ихтироъ карда, ба алифбои арабӣ илова намуданд. Шакли навишти «гоф» чунин аст. گ (Ба ҳарфи «коф» — навишташ — ک як хатча илова шудааст). Аз соли 1929 то сентябри 1940 дар забони тоҷикӣ аз алифбои лотинӣ истифода мешуд. Дар ин алифбо шакли чопии Г — G g, дастнависаш G g буд.
Фонемаи Г. дар забонҳои бостонии эронӣ — форсии бостон — Гармопада (номи моҳ), гарма — гарм; авестоӣ — гав — гов, Гава — номи кишвари Суғд, гайа — зиндагӣ, заири гаона — заргун; форсии миёна — гривбан — гиребон; нигаҳ — нигоҳ вомехӯрад. Шаклҳои гуногуни табдили Г. дар забонҳои эронии қадим — ифодааш бо овоз (ҳарф)-и «в» — винаҳ ‒ гуноҳ, вараз — гуроз, врка — гург, бо овози «к» — ҳакарам — агар, сака — саг, варека — барг, врд — гул вомехӯрад. Шаклҳои дигари бадалшавии Г. ба «ҷ» — геҳон — ҷаҳон, гавҳар — ҷавҳар, гавз — ҷавз, лагом — лаҷом, наргис — нарҷис, Гургон — Ҷурҷон, Буругирд — Буруҷирд; ба «в» — Гуштосп — Виштосп; ба «д» — авранг — авранд, куланг — куланд; ба «й» — ҳумогун — ҳумоюн, Раг — Рай; ба «ғ» — гулӯла — ғулӯла, зугол — зуғол ва ғ. низ дар забон мушоҳида мешаванд.
Дар алифбои русии кириллӣ ифодаи рақамии Г. ба адади 3, дар алифбои глаголӣ ба адади 4 баробар аст.
Ба ҷойи шумораҳои миқдории 4 (чор) баъзан ҳарфи Г.-ро мегузоранд: фасли г, синфи ҳафтуми «г» ва ғ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1, Д., 1978;
- Русский язык. Энциклопедия. М., 1979;
- Русская грамматика. Т. 1. М., 1982;
- Фасмер М. Этимологический словарь русского языка. В четырех томах. М., 1987;
- Collins English Dictionary. 8th Edition first pullished in 2006. Harper Collins Pullishers 2006;
- دهخدا. لغتنامه. گونه الکترونی
Сарчашма
вироиш- Ге / О. Қосимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.