Б (бе), ҳарфи дуюми алифбои кирилликии тоҷикӣ. Аз алифбои русӣ, ки соли. 1940 дар забони тоҷикӣ ба ҷойи ҳар­фи «бо»-и классикии тоҷикӣ (форсӣ) қабул гардид, гирифта шудааст. Ҳарфи «б»-и русӣ ба «буки»-и славянии қадим мерасад. Ин ҳарф бо овози ифодашавандааш – (б) дар забонҳои авестоӣ, форсии қадим, паҳлавӣ (форсии ми­ёна), алифбои арабӣ, ки дар забони тоҷикӣ аз садаи 8 то соли. 1929 маъмул буд, бо номи бо (бе) ба назар мерасад. Ҳарф – овози «б» дар забонҳои сомӣ бо номи «бет» (beth), юнонӣ «бета» (beta), лотинӣ ва забонҳое, ки алифбояшон дар асоси алифбои ин забон мураттаб гардидаанд, вуҷуд дорад. Дар забони тоҷикӣ овозе, ки ин ҳарф ифода мекунад, ҳамсадои таркандаи лабулабии ҷарангдор аст.
Ҳарфи Б дар забони тоҷикӣ ба гунаи навишти русӣ ва лотиниаш вазифаҳои бисёре дорад. Масалан, ба маънои шумораи «дуюм» дар мактаби миёна – синфи 6б, дар мактаби олӣ – курси 1, гурӯҳи «Б», дар навишти қонунҳо, са­надҳо, асарҳои илмӣ (кори дипломӣ, рисолаи илмӣ (диссертатсия), мақолаи илмӣ ва ғайра), барои ифодаи моддаҳо, бандҳо, бобҳо, фаслҳо ба кор бурда мешавад. Шакли лотинии ҳарфи Б – В, ки дар забони тоҷикӣ аз соли. 1929 то 1940 маъмул буд, дар тиб барои ифодаи доруҳои таъси­рашон баланд (пуртаъсир), чун номи витамин, чун гурӯ­ҳи хуни инсон, дар таҷҳизоти электронӣ, барои ишораи кишвари Белгия, дар нишонаҳои байналмилалии роҳу нақлиёт, чун нишондиҳандаи дараҷаи сиёҳии ранги қалам (В, В1, В2), дар шоҳмот чун аломати радаи дуюми амудии хонаҳои тахтаи шоҳмот – ифодагари хаттии муҳ­раи фил ва ғ. истифода мешавад. Б дар илми нуҷум аломат ва рамзи бурҷи Ҷавзо (Ҳамал, Дупайкар, Тавъамон) ва ғ. аст. / В. А. Капранов, О. Ҳ. Қосимов.

Ҳарфи кирилликии Б
Бб
Ѝ Ў Џ А Б В Г Д Е
Э Ю Я а б в г д е

Хусусиятҳо

Ном

Бcyrillic capital letter be
бcyrillic small letter be

Юникод

Б: U+411
б: U+431

HTML-код

ББ ё Б
бб ё б

UTF-16

Б: 0x411
б: 0x431

URL-код

Б: %D0%91
б: %D0%B1

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. М., 1969;
  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1987;
  • Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. Д., 2010;
  • Русская грамматика. Т. 1. М., 1982;
  • Фасмер М. Эти­моло­гический словарь русского языка, М., 1987;
  • دائرةالمعارفبزرگاسلامی. ج۱۰. تهران،۱۳۸۰

Сарчашма

вироиш