Гавҳаршодбегим (форсӣ: گوهرشادبیگم‎), Гавҳаршодхотун (13791457) — яке аз шахсиятҳои фарҳангпарвари замони Темуриён, ҳамсари Шоҳрух.

Гавҳаршодбегим
Таърихи таваллуд тақрибан 1378
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 19 июл 1457
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҳамсар Шоҳрух[d]
Фарзанд Улуғбек, Бойсунқур ва Muhammad Juki[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Падараш Ғиёсуддини Тархон, яке аз надимони бузурги дарбори Темуриён буд. Таҳти ҳимояи Гавҳаршодбегим ва ҳамсараш Шоҳрух дар Ҳирот намояндагони аҳли илму адаб ва ҳунармандон гирд омадаанд, ки машҳуртарини онҳо Абдурраҳмони Ҷомӣ буд. Гавҳаршодбегим ба таъриху адабиёт бештар таваҷҷуҳ дошта, шоираи машҳур Меҳрии Ҳиравӣ надими ӯ буд. Бисёре аз осори меъмории замони Темуриён, аз қабили хонақоҳ, мадраса, масҷиди ҷомеи ш. Ҳирот ва масҷиди ҷомеи ш. Машҳад, бо дастгирии Гавҳаршодбегим бино ёфтаанд ва имрӯз ҳар ду масҷиди ҷомеъ ба ифтихори Гавҳаршодбегим номгузорӣ шудаанд. Соли 1447 Шоҳрух Мирзо бо ташвиқи Гавҳаршодбегим бар зидди бародарзодааш Султонмуҳаммади Бойсунқур ба Исфаҳон лашкар кашида, дар ҳамон ҷо даргузашт. Гавҳаршодбегим баъди марги Шоҳрух ва оғози кашмакашҳои сиёсӣ, амалан дар минтақаҳои Хуросони давлати Темуриён ҳукмфармо буд ва писаронаш Улуғбег дар Самарқанд, Иброҳим Мирзо дар Шероз ва Бойсунқур Мирзо дар Ҳирот ҳокимият доштанд. Гавҳаршодбегим ҳангоми шӯриши Мирзо Абулқосими Бобур бо дасисаи ашроф ва фармони султон Абусаид кушта шуд (19 июли 1457). Ӯро дар канори қабри ҳамсараш назди масҷиди Гавҳаршоди Ҳирот ба хок супурданд. Аз соли 2009 бо ёрии молии давлати Норвегия бозсозии оромгоҳи Гавҳаршодбегим дар Ҳирот оғоз шуд. Соли 2003 дар Кобул донишгоҳи занона таъсис ёфт, ки ба ифтихори Гавҳаршодбегим номгузорӣ шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • محمد حسن رجبی. مشاهیر زنان ایرانی از آغاز تا مشروطه. تهران، ۱۳۷۴ ش.؛
  • دانشنامه دانش گستر جلد14. تهران، ۱۳۸۹ ش.ر

Сарчашма

вироиш