Меҳрии Ҳиравӣ (форсӣ: مهری هروی‎), Меҳрии Ҳиротӣ (форсӣ: مهری هراتی‎; ? — 1449[1], Ҳирот) — бонуи шоир ва нависандаи форс-тоҷик.

Меҳрии Ҳиравӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Меҳрии Ҳиротӣ нимаи аввали асри XV дар Ҳирот мезистааст. Шавҳари ӯ Хуҷа Абдулазиз табиби шахсии хокими Хуросон Шохрух будааст. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ, Меҳрӣ ҳам муддате бо дарбори Шоҳрух (1405—1447) ва махсусан завҷаи Шоҳрух. Гавҳаршодбегим робитаи наздик дошт. робита пайдо мекунад. Вале билохира Шохрух уро ба зиндон мепартояд ва шоира аз зиндон халос шуда, алокаашро тамоман аз дарбор меканад ва дар ашъори худ зулму чаврро бештар мазаммат мекунад.

Аз шоира газалу байтҳои пароканда ва маснавии хурди ишқие боки мондааст. Нусхаҳои ин маснавӣ дар китобхонахо зиёданд. Меҳрӣ шоираи сохибдевон будааст, аммо девони ӯ нопайдост.

Аа ғазалиёт

вироиш
Халли хар нукта, ки бар пири хирад мушкил буд,
Озмудем ба як чуръаи май ҳосил буд.
Гуфтам аз мадраса пурсам сабаби хурмати май,
Дари хар кас ки задам, бехуду лояъкил буд.
Душ то субхдам аз гиряву аз нолаи ман
Лолаи сухта хун дар дилу по дар гил буд.
Хостам сузи дили хеш бигуям бо шамъ,
Буд уро ба забон он чи маро дар дил буд.
Он чи аз Бобулу Ҳорут ривоят карданд,
Сеҳри чашми ту бидидам ҳамаро шомил буд.
Давлате буд тамошои рухат, Меҳриро,
Ҳайфу сад ҳайф, ки он давлати мустаъҷил буд.
Имшаб, ки буса аз лаби худ боз медиҳад,
Ҷони дубора он бути танноз медиҳад.
Нозам ба наргисат, ки зи майхонаи нигоҳ
Аҳли ниёзро қадаҳи ноз медиҳад.
Дарди фироқи ёр, висоли ту аз ду сӯ,
Бо мурғи нолаам пари парвоз медиҳад.
Воиз ба вақти мавъиза, гӯ…д аҷаб мадор,
Ин хар чаро ки зӯр ба овоз медиҳад.
Гардад забон бурида, ки дар масти ҷунун,
Меҳрӣ, суроғи анҷумани роз медиҳад.


Аз дубайтиҳо

вироиш
Маро бо ту сари ёрӣ намондаст,
Дили меҳру вафодорӣ намондаст.
Туро аз заъфи пирӣ қуввату зӯр
Чунон ки пой бардорӣ намондаст.

Аз маснавӣ

вироиш
Эй бути чобуки ширинҳаракот,
Ҷилваи нози ту чун оби ҳаёт.
Ваҳ чӣ ҷилва? — Рами оҳуи Хутан,
Мавҷи май, шаҳпари товуси чаман.
Дил зи каф додаӣ, сарват шамшод,
Бандаи қадди ту сарви озод.
Ваҳ чӣ қад? — Ҳиммати арбоби карам,
Шохи гул, сарви равон, нахли Ирам.
Уфуқоин зи сарат мӯйи сиёҳ,
Рухи ӯ гашта намудор чу моҳ,
Шона бар фарқи ту аз оби ҳаёт,
Ҷадвале парда ниҳон бар зуламот.
Фарқ чӣ? — Рехта килки тақдир,
Ҷадвали нуқраи анбартаҳлил,
Омада то камарат зулфи нажанд,
Хам ба хам, ҳалқа ба ҳалқа чу каманд.
Ваҳ чӣ ҳалқа, чӣ сари зулф, чӣ хам?
Ҳама сарриштаи пурдарду ситам.
  1. Меҳриии Ҳиротӣ / А, Афсаҳзод // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).