Гавҳаршоди Қазвинӣ
Гавҳаршод (форсӣ: گوهرشاد; асри XVI, Қазвин — 1628, Қазвин) — хушнавис ва настаълиқнависи форс-тоҷик, духтари Миримод Ҳасании Сайфии Қазвинӣ.
Таърихи таваллуд: | асри XVI |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1628 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Зиндагинома
вироишПас аз қатли падараш то соли 1623 дар Исфаҳон мезист. Сипас ба Қазвин рафта, ҳамон ҷо даргузашт. Аз осори ӯ як нусха «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ бо хатти зебо дар китобхонаи Музейи Гулистон маҳфуз аст, ки соли 1025 ҳ. қ. (1616 м.) китобат шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гавҳаршод / Н. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.