Гавҳар Ҷӯраева

фаъоли ҳуқуқи башар

Гавҳар Ҷӯраева (Ҷӯраева Гавҳар Қандиловна; зод. 31 декабр 1950, Сталинобод) — фаъоли ҳуқуқи башар, узви Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия. Духтари Лола Исмоилова ва Қандил Ҷӯраев.

Гавҳар Ҷӯраева
Таърихи таваллуд 31 декабр 1950(1950-12-31) (73 сол)
Зодгоҳ
Пеша фаъоли ҳуқуқи башар
Падар Қандил Ҷӯраев
Модар Лоланисо Исмоилова
Ҳамсар Давлат Худоназаров

Зиндагинома вироиш

Гавҳар Ҷӯраева 31 декабри соли 1950 дар шаҳри Сталинобод дар хонадони донишмандони тоҷик Қандил Ҷӯраев ва Лоланисо Исмоилова ба дунё омадааст. Шуъбаи арабӣ-инглисии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст[1].

Гавҳар Ҷӯраева соли 1993 ҳангоми бесарусомониҳо бо аҳли хонаводааш ба шаҳри Маскав кӯчид. Дар соли 1996 ташкилоти «Фонди Тоҷикистон»-ро  таъсис дод, ки он расман соли 1998 ба сабти ном шуд[2].

Ӯ дар соли 2012 Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии ҳамгироии «Муҳоҷират ва қонун»[3]-ро таъсис дод, ки дар доираи фаъолияти он муҳоҷирони тоҷик, узбак, қирғиз ва баъдан ҷумҳурии Молдавия низ ба кумаки ҳуқуқии ройгон фаро гирифта шуданд.

Хонавода вироиш

Ҳамсари Гавҳар Ҷӯраева сиёсатмадор ва коргардони шинохтаи синамои тоҷик Давлат Худоназаров мебошад. Онҳо ду фарзанд ва як набера доранд[4].

Корнома вироиш

Омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти араби факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1973—1979)[5].

Ҷоизаҳо вироиш

  • 2005 — «Одами сол»-и Тоҷикистон;
  • 2012 — медали «Барои хидмати шоиста» (Русия);
  • 2015 — барандаи Ҷоизаи гурӯҳи Хелсинкии Маскав барои ҳифзи ҳуқуқи инсон[6].

Эзоҳ вироиш

  1. Лидия Графова. Организацию "Миграция и закон" признали иностранным агентом(рус.). Российская газета (28 июни 2016). 12 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. Талабшо Холиқзод. Гавҳар Ҷӯраева: 20 соли хидмати содиқона ба муҳоҷирони тоҷик. Pressa.tj (3 июни 2022). 12 Январ 2024 санҷида шуд.
  3. Гавҳар Ҷӯраева: Муҳоҷирати корӣ сарчашмаи коррупсия шудааст.... old.asiaplustj.info. ASIA-Plus (1 августи 2017). 12 Январ 2024 санҷида шуд.
  4. Мирзои Салимпур. Гавҳар Ҷӯраева: Агар пул медоштам, барои муҳоҷирон як маркази ҷаҳонӣ месохтам(тоҷ.), Радиои Озодӣ (3 ноябри 2015). Проверено 12 Январ 2024.
  5. Джураева Гавхар Кандиловна. ir.russiancouncil.ru (4 ноябри 2013). 12 Январ 2024 санҷида шуд.
  6. Лауреаты Премии МХГ в области защиты прав человека за 2015 год. mhg.ru. Московская Хельсинкская группа (5 Декабри 2015). 12 Январ 2024 санҷида шуд.