Лоланисо Исмоилова
Лола Исмоилова (Исмоилова Лоланисо Иброҳимовна; 4 октябр 1929, Душанбе — 11 декабр 2012, Душанбе) — зистшинос, доктори илмҳои биология (1986), профессор (1987), ҳамсари Қандил Ҷӯраев[1].
Таърихи таваллуд | 4 октябр 1929 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 11 декабр 2012 (83 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология[d] (1986) |
Зиндагинома
вироишЛоланисо Исмоилова 4 октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст[2]. Хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1953). Ассистент (1953—1970), дотсенти кафедраи ҳистология (1970—1973) ва мудири кафедраи биология ва генетикаи умумии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1973—1993)[3].
Маликаи ҳусни Иттиҳоди Шӯравӣ
вироишЛола Исмоилова пас аз нашри як аксаш дар маҷаллаи «Огонёк», дар декабри соли 1949 унвони ғайрирасмии «Маликаи ҳусн»-и Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуд[4] ва 16 апрели соли 1950 дар шаҳри Гурзуфи Қрим Петр Миргородский муҷассамасози машҳур ба хотири Лола Исмоилова ҳамчун тимсоли зебоии зан пайкарае сохт[5].
Фаъолияти илмӣ
вироишТадқиқоти асосии Лоланисо Исмоилова ба масъалаҳои тағйироти сохт ва вазифаи ғуддаҳои лимфавӣ дар мавриди бемориҳои сӯхтагӣ оиданд. Ба тадқиқи таҷдиди баъдиҷарроҳии сутунмуҳра низ машғул шуда, тағйироти захомати талофӣ ва таҷдидии рагҳои хунгарди дохили гурдаро омӯхтааст. Як силсила пажӯҳишҳои Лоланисо Исмоилова ба масоили таҷдиди баъдиосебӣ дар ҷонварони муҳрадор ва тағйироти хунрагҳои дохили гурда ҳини гипертрофияи талофӣ ва таҷдидӣ бахшида шудаанд. Лоланисо Исмоилова исбот намуд, ки васеъ гаштани маҷрои хунгузар дар калон шудани андозаю ҳаҷми гурдаҳо нақши асосӣ намебозад. Лоланисо Исмоилова доир ба таҷдиди сипурз низ пажӯҳиш анҷом додааст, ки натиҷаи он дар илм бо номи «Феномени Браун-Исмоилова» маълум мебошад[1]. Дар мавзӯи «Тағйироти рагҳои хунгарди гурда ҳангоми захомати талофӣ ва таҷдидӣ» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Тағйироти сохт ва фаъолияти уқдаҳои лимфавӣ ҳангоми бемории сӯхтагӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Муаллифи 200 асару мақолаҳо, аз ҷумла 16 навоварӣ, 24 дастурамали методӣ, 2 китоби дарсӣ мебошад[1].
Даргузашт
вироишЛола Исмоилова 11 декабри соли 2012 дар шаҳри Душанбе пас бемории кутоҳе даргузашт[5].
Осор
вироиш- Краткий русско-таджикский-дари словарь по биологии. Д., 1973;
- Муҳофизати муҳити атроф аз ифлосшавӣ ва саломатии инсон. Д., 1984;
- Морфофункциональные изменения лимфатических узлов при ожоговой болезни: экспериментальное исследование. Д., 1986;
- Таджикский университет в судьбе первой выпускницы. Д., 2009.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Исмоилова Лоланисо Иброҳимовна // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.
- ↑ Iraj Bashiri. Ismoilova, Lolaniso // Prominent tajik figures of the twentieth century. 12 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ История кафедры. www.tajmedun.tj. 12 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Зебосанами тоҷик даргузашт. www.bonuvon.tj. Бонувони Тоҷикистон. 12 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ 5.0 5.1 Лола Исмоилова даргузашт(тоҷ.). www.millat.tj. Миллат (12 Декабри 2012). 12 Январ 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Исмоилова Лоланисо Иброҳимовна // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.