Гагарин (деҳа, н. Балхӣ)
Гагарин — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ. Аз деҳаи Гагарин то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1371 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Ҷалолиддин Балхӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Ҳалевард |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1371 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3247 |
Нишонаи почта | 735200 |
Иқтисод
вироишНуқтаи савдои хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон таҳсили худро дар мактаби таҳсилоти умумии миёнаи деҳаи Ленинград давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз наҳри Қумсангир обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳаи Гагарин 4 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гагарин // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2