Гагра
Га́гра (абх. Гагра) — шаҳр дар Гурҷистон, дар соҳили баҳри Сиёҳ, дар ҳудуди Ҷумҳурии худэълонкардаи Абхозистон, 80 км дуртар аз қисми шимолу ғарбии Сухуми. Аҳолиаш 15 ҳазор нафар (2014). Бандар дар баҳри Сиёҳ, маркази истгоҳи роҳи оҳан. Аз Гагра роҳи автомобилгарди Сочи — Сухуми мегузарад.
Маҳалли аҳолинишин | |||
абх. Гагра гурҷӣ: გაგრა | |||
|
|||
Кишвар | [[|]] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Аввалин номбарӣ | асри VI то м. | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
Забони расмӣ | забони абхозӣ ва русӣ | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Нишонаи почта | 6700–6799 | ||
gagra-city.com | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишДар охири ҳазорсолаи 1 пеш аз м. дар ҳудуди Гагра бошишгоҳи Триглифи Юнони Қадим вуҷуд дошт. Ибтидои асрҳои миёна Қалъаи Абхоз эъмор шуд. Аз ибтидои садаи XX, баъди маркази фароғат гардиданаш, тараққӣ кард. Аз соли 1919 маркази уезд ва аз соли 1930 маркази ноҳияи ҳамном. Соли 1933 мақоми шаҳрро гирифт. Соли 1992 зимни ошӯбҳои байни Гурҷистону Абхозистон дар Гагра задухӯрдҳои низомӣ ба амал омаданд.
Иқлим
вироишИқлими Гагра субтропикӣ буда, рустаниҳои фаровон, пляж ва оби маъдании шифобахши сулфиддор дорад. Дар соҳили баҳри Сиёҳ осоишгоҳи иқлимӣ мавҷуд аст, ки дар он бемориҳои роҳи нафас, рагу пайванди дил ва асаб табобат карда мешаванд. Саноати хӯрокворӣ ривоҷ ёфта, асосан талаботи осоишгоҳҳоро таъмин месозад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гагра // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Пайвандҳо
вироиш- Официальный сайт города Гагра. Администрация Гагрского района
- Вебкамера в городе Гагра Бойгонӣ шудааст 19 май 2010 сол.
- Прогноз погоды в Гагра Бойгонӣ шудааст 20 июли 2011 сол.