Гадобек Маҳмудов
Гадобек Маҳмудов – китобшинос, библиографияшинос, китобхонашинос, номзади илмҳои педагогика, дотсент. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 1 май 1960 (64 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Рӯдакӣ |
Кишвар | |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Зиндагинома
вироишГадобек Буриевич Маҳмудов 1 майи соли 1960 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Соли 1978 ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав дохил шуда, соли 1982 онро бо ихтисоси китобдор-библиограф хатм кардааст. Фаъолияти кориашро баъди анҷоми мактаби олӣ аз Китобхонаи ҷумҳуриявии давлатии ба номи А. Фирдавсӣ шурӯъ карда, аз соли 1983 аввал омӯзгор ва баъдан омӯзгори калон, сипас мудири кафедраи библиографшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Аз солҳои 2013 то 2015 дар вазифаи декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор кардааст. Моҳи майи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъйин гардид.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ ва библиографӣ, инчунин муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо» мебошад.
Ҷоизаҳо
вироишАълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Гадобек Буриевич Маҳмудов(тоҷ.). www.kmt.tj. 10 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2020.