Галагов
Галагов — усуле аз майда карда ба коҳ табдил додани ғаллапоя ва ё омода намудани лой ба воситаи ҳайвоноти корӣ[1].
Галагов бо истифода аз 6-8 барзагов иҷро мешавад. Барзаговҳоро бо банди дарозе аз гарданашон мебастанд ва дар хирман ба болои дарзаҳои гандум мегардониданд. Баъзан ба ҷойи барзаговҳо аспу хар ё модаговҳоро низ дар галагов истифода мекарданд. Аммо ба инҳо ҳеч гоҳ чапар намебастанд. Баъд аз галагов амали хирманбодкунӣ сурат мегирифт. Ҳангоми вазидани боди мусоид деҳқонон бо курчаки чӯбӣ ё каҷбел гандуми кӯфташударо бод медоданд. Бод коҳи реза-реза шударо паронида дуртар мебурд ва гандумҳояш, ки вазнинтар буд, ба дар ҷояш ба замин мерехтанд. Сипас занҳо гандумҳоро аз ғирбол мегузарониданд. Пас аз тоза шудани гандум аз коҳ маросими чоштбардорон баргузор мешуд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Галагов / Д. Раҳимов // Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ. — Д. : СИЭМТ, 2015—2016.
Сарчашма
вироишИн мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |