Долони Уффиси

Галере́я (фр. galerie, аз итол. galleriaроҳрав, долон) — бино ё толори дарози барҳавою равшан, ки дар он маҷмӯаи асарҳои бадеӣ ва ҳунари тасвирӣ ба таври доимӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Галерея дар толори қасрҳо бо девори яктарафа дар намуди қатори тирезаҳои калон дар ибтидои асри 16, бахусус дар услуби санъати меъмории замони барокко, ба вуҷуд омадааст. Девори рӯбарӯи тирезаҳо, маъмулан, барои ҷойгиркунии асарҳои санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ истифода мегардид, ки рӯшноии хуби табиӣ дошт. Имкони хуби дар галерея ҷойгирсозии экспонатҳо боис шудааст, ки осорхонаҳои бадеӣ ё қисме аз онҳоро, бе дар назар доштани хусусиятҳои меъморӣ, галерея гӯянд.

Дар шаҳри Душанбе (хиёбони Рӯдакӣ, 89) толори намоишгоҳи «Суҳроб-Арт-Галерея» вуҷуд дорад, ки ба рассоми номӣ Суҳроб Қурбонов мансуб буда, дар он асосан асарҳои санъати тасвирии мусаввирони тоҷик ба намоиш гузошта мешаванд

Нигаред низВироиш

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш