Галилео (фазопаймо)

«Галилео» (англ. Galileo) — ковишгари фазоии НАСА, барои таҳқиқи сайёраи Муштарӣ, ҳалқаҳо ва радифҳои он.

Галилео
Нигора
Оромгоҳ
Номида ба шарафи Галилео Галилей
Мабдаи сафар Kennedy Space Center Launch Complex 39[d][2]
Space launch vehicle Atlantis[d]
Таърихи партоби фазопаймо 18 октябр 1989[2]
Таърихи нобудии фазопаймо 21 сентябр 2003
3D model
Commons-logo.svg Галилео (фазопаймо) дар Викианбор

Дастгоҳ аз он сабаб «Галилео» номгузорӣ шудааст, ки маҳз Галилео Галилей соли 1610 чор радифи Муштариро кашф карда буд.

«Галилео» октябри 1989 ба кайҳон бароварда шуда, декабри 1995 ба мадори Муштарӣ расид. Он аз назди астероидҳои Гаспра ва Ида гузашта, онҳоро аксбардорӣ кард ва тасвири сатҳи радифҳои галилейии Муштариро ба Замин фиристод. Моҳи июли 1995 аз «Галилео» зонд ҷудо шуда, 7 декабри ҳамон сол ба атмосфераи сайёра ворид гашт. Он баъди 57 дақиқаи ба умқи атмосфера расидан, дар бораи таркиби кимиёию ҳолатҳои физикии моддаҳои сайёра ба Замин маълумот фиристод. Дар назар буд, ки «Галилео» баъди ба мадори Муштарӣ расиданаш дар давоми 2 сол 11 радифи онро таҳқиқ мекунад, вале «Галилео» 8 сол дар мадори Муштарӣ парвоз карда, 35 бор дар атрофи он давр зад ва шумораи бештари радифҳои сайёраро омӯхт. Дастгоҳ бештар аз 30 гигабайт иттилооъ, аз ҷумла 14 ҳазор акси сайёра ва радифҳои онро ба Замин фиристодааст. 21 сентябри 2003 баъди 14 соли парвоз «Галилео» бо суръати 50 км/с ба атмосфераи Муштарӣ ворид гардида, дар қабатҳои болоии он сӯхта нобуд шуд. Соли 1990 «Галилео» сайёраи Зуҳраро таҳқиқ кардааст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш