Гамбуски саврӣ (лот. Melolontha) — як ҷинси ҳашароти зараррасон.

Гамбуски саврӣ
Модинаи Melolontha melolontha
Модинаи Melolontha melolontha
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Melolontha Fabricius, 1775

Тавсифоти умумӣ

вироиш

Дарозиаш 19,5-31,5 мм. Танаш дарозрӯяи сиёҳ ё сурхи бӯртоб, болҳояш бӯрранг. Тухмаш (қутраш 1,5-2 мм) сафеди курашакл. Кирминааш зарди сафедтоб, бо мӯякчаҳо пӯшида шудааст. Се ҷуфт пой дорад, пойҳои қафояш дарозтар. Сараш зарди бӯрранг. Ғумбакаш зард.

Тарзи зиндагӣ

вироиш

Гамбускҳо охири апрел — аввали май ба парвоз шурӯъ мекунанд. Маъмулан, пас аз ғуруби офтоб мепаранд. Рӯзона дар шохаи рустаниҳо паноҳ мебаранд. Гамбуски саврӣи модина дар хок (дар умқи 10-15 см) 25-30-тоӣ тухм мемонад (то 70 тухм монданаш мумкин), ки баъди 35-40 рӯз аз онҳо кирминаҳо мебароянд. Баробари болиғ шуданашон кирминаҳо зарари бештар мерасонанд. Соли дуввум, алалхусус соли севвуми ҳаёт, кирминаҳо нафақат ба реша, балки ба шохаву навдаҳои дарахтон низ зарар меоваранд. Ҳангоми дар 1 м2 ёфт шудани 3-5 кирмина ниҳолхона ва боғу токзори навбунёд сахт осеб мебинанд, зеро кирминаҳо решаҳоро хӯрда, ниҳолҳоро мехушконанд. Махсусан току дарахтони себ бештар осеб меёбанд. Кирминаҳо дар хок, дар умқи 10-15 см ба зоча табдил меёбанд. Охири тобистон гамбусакҳо пайдо шуда, зимистонро зери хок мегузаронанд.

Навъҳо

вироиш

Дар Тоҷикистон ду намуди гамбуски саврӣ (тоҷикӣ ва кӯҳӣ) паҳн гардидааст. Гамбуски саврӣи тоҷикӣ (M. clypeata) аз миёнаҳои март то нимаи дуюми июн парвоз мекунад. Он махсусан моҳи апрел фаъол мешавад. Маъмулан, пас аз ғуруби офтоб ҳамагӣ ним соат парвоз мекунаду бас. Баъди 2-8 ҳафта ҷуфт мешавад. Гамбусаки модина дар қабати хок (дар умқи 22-27 см) то 30 тухм мемонад. Баъди 1,5 моҳ аз тухм кирминаҳо мебароянд, ки 3 зимистонро паси сар карда, миёнаҳои тобистон дар умқи то 50 см ба зоча табдил меёбанд. Гамбускҳои болиғ моҳи август пайдо шуда, зимистонро дар хок мегузаронанд ва фақат баҳори соли оянда берун меоянд. Гамбуски саврии кӯҳӣ (M. gyssakovskiy) дар доманаи қ-кӯҳҳои Ҳисор (дар баландии то 2000 м аз с. б.) дучор меояд. Рангаш сурхи сиёҳча ё бӯртоб, баданаш бо пулакчаҳои зичи сафеди зардтоб ва мӯякчаҳо пӯшида шудааст. Аз миёнаҳои апрел то охири июл парвоз мекунад. Аввали тобистон ҷуфт мешавад. Инкишофи кирминаҳояш се сол тӯл мекашад. Баҳор ба қабатҳои болоии хок баромада, охири тобистон ба зоча табдил меёбад. Кирминаи гамбуски саврии кӯҳӣ решаи рустанӣ, аз ҷумла дарахтони мева, барги бодом, нок, биҳӣ, себ, шафтолу, ток ва гули гелосу нокро мехӯрад. Кирминаҳоро соч ва дурроҷ, гамбускҳоро кӯршабпарак, ҷиркабк, бум, шӯрнӯл маҳв мекунанд.

Несткунӣ

вироиш

Барои нест кардани гамбуски саврӣ ҳангоми ниҳолшинонӣ ба хок ГХСГ (аз рӯйи меъёри 50 кг/га) ё хокаи 25-фоизии онро (6-8 кг/га) мерезанд.

Адабиёт

вироиш
  • Медведев С. И. Фауна СССР. Жесткокрылые. Пластинчатоусые (Scacabaeidae) подсем. Melolonhinae. Ч. I (хрущи). М. — Л., 1951;
  • Яхонтов В. В. Вредители сельскохозяйственных растений и продуктов Средней Азии и борьба с ними. Ташкент, 1953;
  • Кулинич П. Н. Жуки вредящие плодовым и орехоплодным культурам южного склона Гиссарского хребта. Д., 1965;
  • Бей-Биенко Г. Я. Общая энтомология. М., 1971;
  • Мухитдинов С. М., Назиров В. Н. Справочник по защите растений от главнейших вредителей сельскохозяйственных культур в Таджикистане. Д., 2012.

Сарчашма

вироиш
  • Гамбуски саврӣ / Қ. Қаҳҳоров, С. Муҳиддинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.