Гаммаи хроматикӣ (нимпардагӣ) — мунтазамии (болобароянда ва поинфуроянда) ҳаракати садоҳо бо нимтониҳо. Агар Гаммаи хроматикиро ба андозаи глисандои мелодӣ дида бароем, бетарафист дар муносибати ладӣ, он гоҳ имлои нотаи вай одист: бо ҳаракат ба боло фақат диезҳо ба кор бурда мешаванд, бо ҳаракат ба поин – танҳо бемолҳо.

Аммо дар асоси Гаммаи хроматикӣ одатан ягон лад – мажорӣ ё минорӣ ҷой дорад. Бинобар ин дар мусиқии классикӣ қонуни «имло» - Гаммаи хроматикии баъзе ладҳо ва қонуни гармоникӣ инъикос меёбад (қонуни алтератсивии ладҳо, оҳангдории наздик ва ғайра).[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.91. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)