Ганданафасаки гандум
Ганданафасаки гандум (лот. Eurygaster integriceps) — як навъи ҳашараи зараррасон.
Ганданафасаки гандум | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||
Eurygaster integriceps Puton, 1881 |
||||||||
|
Тавсифот
вироишАсосан ба зироати ғалладона, бахусус ҷав, гандум ва шолӣ зиён меорад. Дарозиаш 10-13 мм, рангаш зардча, нақшҳои мармаргун дорад. Ҳашароти болиғ тирамоҳ ба кӯҳу бешазорҳо парида рафта, дар он ҷойҳо зимистон мегузаронад. Аввали баҳор дар ғаллазорҳо ҷой мегирад. Модинааш 200—500 тухм мегузорад; тухмаш мудаввар, рангаш норинҷии сабзтоб. Кирминаҳо баъд аз 35-40 рӯз ба ҳашараи болиғ табдил меёбанд. Г. г. дар шароити Тоҷикистон соле як бор афзоиш мекунад.
Тадбирҳои мубориза
вироиш- нест кардани алафҳои бегона;
- саривақт ғундоштани ҳосил;
- истифодаи доруҳои кимиёӣ: Амбуш (консентрати эмулсияи 25%-а; 0,5 л/га), БИ-58 (консентрати эмулсияи 40%-а; 1,5 л/га), Детсис (консентрати 2,5%-а; 0,25 л/га), Нурелл (консентрати эмулсияи 20%-а; 0,25 л/га) ва ғ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Тошпӯлотов М. М. Тавсиянома доир ба муборизаи зидди зараррасон ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ. Д., 2006;
- Тошпӯлотов М. М., Қаҳоров Қ. Ҳ., Амонов М. Ҳ., Алибоева М. М., Солиев Ш. Т. Энтомологияи кишоварзӣ. Д., 2009;
- Қаҳоров Қ. Ҳ., Амонов М. Ҳ. Тавсиянома доир ба муборизаи зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ. Д., 2012.
Сарчашма
вироиш- Ганданафасаки гандум / Қ. Қаҳҳоров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.