Ганданафасаки саҳроӣ
Ганданафасаки гандум (лот. Lygus pratensis) — як навъи ҳашароти зараррасон. Асосан ба киштзори юнучқа, қашқабеда, лаблабу, зағир, картошка, нахӯд, шалғами хӯроки чорво, бодиринг, карам, пахта, офтобпараст, маъсар, хардал, қулфинай ва ғ. зиён меорад.
Ганданафасаки саҳроӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
|
Тавсифот
вироишДарозиаш 4,7-6,6 мм. Рангаш зардча ё норинҷии сурхтоб. Ҳашароти болиғ 17-27 рӯз умр мебинад. Модинаи ганданафасаки саҳроӣ дар бофтаи думчабарг ва шонаҳои пахта 14-54 адад тухм мегузорад; ранги тухмаш аввал сафед, баъдтар зардтоб аст. Кирминаҳо тадриҷан ба тамоми рустанӣ паҳн мегарданд. Онҳо панҷ давраи ташаккулро аз сар мегузаронанд: давраи якум ба ҳисоби миёна 2,7-3,3, давраи дуввум 2,2-2,4, давраи севвум 1,9-2,3, давраи чорум 2,1-2,3 ва давраи панҷум 2,2-3,9 рӯз идома меёбад. Давомоти умумии инкишофи кирминаҳо 11-14 рӯз мебошад. Ганданафасаки саҳроӣ зимистонро дар замини юнучқазор ва алафҳои бегона мегузаронад. Дар пахтазор дар мавсими шонабандии ниҳолҳо пайдо мешаванд; онҳоро дар замини картошка, ҷуворӣ ва помидор низ дучор омадан мумкин аст.
Ганданафасаки саҳроӣ дар тамоми навоҳии пахтакори ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.
Тадбирҳои мубориза
вироишБо мақсади маҳв сохтани он аз доруҳои гуногуни кимиёӣ истифода мекунанд, мас., сумисидин (консентрати эмулсияи 20%-а; 0,6 л/га), ровикурт (консентрати эмулсияи 25%-а; 0,6 л/га), симбуш (консентрати эмулсияи 25%-а; 0,32 л/га), фозалон (консентрати эмулсияи 35%-а; 3,0 л/га), тиодан (консентрати эмулсияи 35%-а; 3,5 л/га) ва ғ.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Integrated Taxonomic Information System (ингл.) — 1996.
Адабиёт
вироиш- Тошпӯлотов М. М., Қаҳоров Қ. Ҳ., Амонов М. Ҳ., Алибоева М. М., Солиев Ш. Т. Энтомологияи кишоварзӣ. Д., 2009;
- Тошпӯлотов М. М. Тавсиянома доир ба муборизаи зидди зараррасон ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ. Д., 2006;
- Қаҳоров Қ. Ҳ., Амонов М. Ҳ. Тавсиянома доир ба муборизаи зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ. Д., 2012.
Сарчашма
вироиш- Ганданафасаки саҳроӣ / Қ. Қаҳҳоров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.