Ганданафасакҳо
Ганданафасакҳо (лот. Hemiptera) — як гурӯҳи ҳашарот.
Ганданафасакҳо | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Hemiptera Linnaeus, 1758 | ||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||
|
||||||||||||
Зерқатор | ||||||||||||
|
||||||||||||
|
Тавсифот
вироишГанданафасакҳо ба ҳашароти ростбол (Homoptera) — ширинчаҳо, кайки барг, сафедболон ва ғ. наздикӣ доранд. Дарозии баданашон 0,7-12 см. Даҳонашон хартумчаи буғумдорро мемонад, ки аз ҷоғи поён ташаккул ёфтааст. Мӯйлабчаашон аз 4-5 (баъзан аз 1-3) банд иборат аст. Ганданафасакҳо ду ҷуфт бол доранд, болҳо дар ҳолати оромии ҳашарот аз қисми боло шикамро мепӯшонанд. Болҳои болоӣ (забарболҳо) чармгун буда, аз парда иборатанд. Боли баъзе ганданафасакҳо кӯтоҳ аст. Ганданафасакҳои дигар умуман беболанд. Ганданафасакҳо ғадуди бӯйбарор доранд, ки сӯрохи онҳо дар зери сина (дар фардҳои болиғ) ё шикам (дар кирминаҳо) ҷой гирифтааст. Тарашшӯҳоти ғадуд бадбӯй буда, барои рамондани душман ва ҷалб кардани ҳамҷинсон пешбинӣ шудааст. Дар дунё тақр. 40000 намуди ганданафасакҳо дучор меояд. Онҳо дар хок, рустанӣ, зери пӯстлоху баргҳои рехта, баъзеяшон дар об (Notonnectidae, Hyedrometridae) зиндагӣ мекунанд. Ғизои аксари ганданафасакҳо (Miridae, Tunqitidae, Pentatomidae) рустаниҳост; ганданафасакҳои даранда низ мавҷуданд. Ғизои Ганданафасакҳои обӣ (Reduviidae) гемолимфаи ҳашарот ва дигар мавҷудоти хурди бемуҳра аст. Ганданафасакҳои паразит, чунончи шабзод, хуни ҳайвоноту паранда ва одамонро мемаканд. Ганданафасакҳо соле як бор насл медиҳанд; модинаи онҳо дар тана ё бофтаҳои рустанӣ тухм мегузорад. Модинаҳои ганданафасакҳои обӣ дар тахтапушти ганданафасакҳои нарина тухм мемонанд (онҳо то пайдоиши кирминаҳо онро бардошта мегарданд).
Зараррасонӣ
вироишГанданафасакҳои рустанихӯр ба кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ зиён мерасонанд, шираи рустаниро макида, боиси аз сабзиш мондану хушкидани онҳо мегарданд. Ганданафасакҳои манфиатовар низ ҳастанд (аз ҷинси Orius ва Nabis). Онҳо ҳашароти зараррасон (ширинча, кана, кирминаи ғамбускҳо ва ғайра)-ро хӯрда нобуд мекунанд. Дар Тоҷикистон 55 намуди ганданафасакҳо мавҷуданд, ки 35 намуди онҳо ба кишоварзӣ, аз ҷумла ба пахтазор (17 намуд) зиён мерасонанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бей-Биенко Ганданафасакҳо Я. Общая энтомология. М., 1971;
- Муҳитдинов С. М., Баротов Ш. Б., Шукронаев С. Ш., Назарова Ш. Д. Энтомологияи умумӣ. Д., 1999.
Сарчашма
вироиш- Ганданафасакҳо / Қ. Қаҳҳоров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.