Гандано (лот. Āllium pōrrum) — навъи пиёз; рустании дусола.

Гандано
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Allium porrum L.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Соли аввал баргҳои паҳни дароз (25–60 см) ва тана (баландиаш 10–20 см, қутраш 3–7 см; рангаш сабзи равшан), соли дуюм пиёзак (гирда ё дарозрӯяи сафед) ва поя (дарозиаш то 1,8 м) ҳосил карда, мешукуфад. Гулаш майда, сафед ё бунафшранГандано Самараш ғӯзаи сеқирра. Тухмаш майда, сиёҳи ҷилодор (вазни 1000 донааш 2,5–3 г), то 2–4 сол қобилияти сабзишашро нигоҳ медорад. Дар таркиби гандано ба миқдори зиёд намакҳои калий, калсий, оҳан, фосфор, магний, инчунин моддаҳои хушк (13,4%), қанд (6,5%), сафеда (1,3%), клетчатка (1,49%), хокистар (1,24%), равғани эфир мавҷуданд. Гандано аслан аз Осиёи Марказист. Онро дар кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин ва Аврупо, инчунин Қриму Қафқоз ва қисман дар Тоҷикистон кишт мекунанд. Рустании обталаб нест. Аз тухм афзоиш меёбад. Дар заминҳои намнок, регхок, гилхоки сернам ҳосили хуб медиҳад.

Навъҳо

вироиш

Гандано навъҳои зиёд дошта, ба ду гурӯҳ тақсим мешавад: булғорӣ ва аврупоӣ. Дар Тоҷикистон бештар навъи «Дерпазаки карантинӣ»-и Ганданои аврупоиро мепарваранд. То охири тирамоҳ сабзида ҳосил медиҳад. Ба сармо пурбардошт аст. Дар шароити иқлими Тоҷикистон тухми Ганданоро моҳҳои август ‒ сентябр ва аввали баҳор кишт мекунанд. Ҳосили кишти тирамоҳии онро зимистону баҳор, баҳориашро тобистону тирамоҳ истифода мебаранд. Гандано аз кӯчат низ афзоиш меёбад. Барои гирифтани тухмӣ баъди ғунучини ҳосил Ганданоҳои пояаш дарозу ғафсро ҷудо карда, тирамоҳ ё аввали баҳори соли оянда ба ҷӯякҳо мешинонанд. Ганданои тухмиро аз замин нагирифта низ нигоҳ доштан мумкин аст. Ин усули нисбатан беҳтар буда, миқдори тухмӣ меафзояд. Вобаста ба ҳосилхезии хок ва тарзи нигоҳубин аз ҳар га 6–10 сентнер тухмӣ мегиранд. Гандано хосияти шифобахшӣ дорад.

Корбурди пизишкӣ

вироиш

Табибони халқӣ онро чун воситаи иштиҳоовар ва барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, санги талхадон, роҳҳои нафас, атеросклероз ва авитаминоз тавсия медиҳанд. Ганданоро дар хӯришҳо низ истифода мебаранд.

Адабиёт

вироиш
  • Матвеев В. П., Рубцов И. И. Овощеводство. М., 1985;
  • Раделов С. Ю. Всё о лекарственных растениях на ваших грядках. СПб., 2010

Сарчашма

вироиш