Гандапӯш (лот. Artemisia persica) — навъи рустании нимбутта.

Гандапӯш
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Artemisia persica

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

То 25-70 см қад мекашад. Сершох, бӯйи хуш дорад. Навдаҳояш рост, қиррадор. Баргаш мӯякчадор, майда, пармонанди чок-чок, рангаш сабзи хокистарӣ. Хӯшагулаш сабадак (қутраш 3-5 мм). Тухмаш дарозрӯя, зарди сиёҳтоб. гандапӯш моҳҳои июл — август гул карда, август — октябр тухм мебандад. Дар қ.-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ (то баландиҳои 4100 м аз с. б.) дар арчазор, марғзорҳо, биёбонҳои баландкӯҳ, шағалзамин, нишебиҳои санглох, маҳинхок ва ғ. мерӯяд.

Корбурди пизишкӣ

вироиш

Гандапӯшро табибони ҳиндӣ ҳамчун доруи муқаввӣ, табфарор ва киҷҷарон истифода мебаранд. Табибони мардумии тоҷик хокаи сабадаки гули гандапӯшро бо асал омехта чун давои киҷҷарон тавсия медиҳанд, чойи навдаҳои он давои илтиҳоби роҳи нафас ва заъфи дил буда, пешобро меронад. гандапӯшро ба сифати ашёи хом барои ҳосил кардани кофур, истеҳсоли ҳар гуна болиштаку омехтаҳои давоӣ ба кор мебаранд. Барг ва сабадаки гули гандапӯш 0,21-0,4 % равғани эфир, 16 % кофур, 12-14 % камфен, 7-12 % пинен, 18,3 % борнеол, 25,5 % барнилкапронат, 15,% фенол, кетон ва ғ. дорад.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт

вироиш
  • Иконников С. С. Определитель растений Памира. Д., 1963;
  • Ковалева Н. гандапӯш Лечения растениями. М., 1972;
  • Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их приминение. М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
  • Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989.

Сарчашма

вироиш